Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олимов Исмоилҷон

Олимов Исмоилҷон

Олимов Исмоилҷон Юсуфович (таваллуд 18. 10. 1936, Ленинобод), нев­ропатологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1976). Соли I960 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда­аст. Солҳои 1960— 61 духтур-невропатологи курорти Хоҷаобигарм, 1961 —62 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои асаби Институти дав­латии тиббии Тоҷикистон, 1962—65 аспиранти кафедраи бемориҳои асаби Институти давла­тии тиббии 1-ми Москва ба номи И. М. Сеченов, 1965—70 мудири шӯъбаи невропатологияи беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 1 Душан­бе ва ассистенти кафедраи бемориҳои асаби Институти тиббии Тоҷикистон, 1970—72 ходими калони илмӣ ва докторанти кафедраи бемориҳои аса­би факултети педиатрии Институти давла­тии тиббии 2-юми Москва ба номи Н. И. Пирогов буд.

Соли 1973 сармушовири управленияи IV Вазорати нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Аз соли 1978 досент, 1980 профессори кафедраи невропатологияи Институти тиббии Тоҷикистон, сарневропатологи шаҳри Ду­шанбе ва раиси Бюрои-сексияи игло- рефлексотерапияи республика мебошад. Олимов муаллифи бештар аз 55 асари илмист, ки асосан ба проблемаҳои актуалии невропатология бахшида шудааст. Соли 1979 бо нишони сарисинагии «Аълочии нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Ас.: Патология обмена аминокислот при судорожном синдроме у Детей ран­него возраста. «Невропатология и пси­хиатрия», 1972, ЛИО; Гипергликемичсский синдром при нарушениях мозгово­го кровообращения, «Здравоохранения Таджикистана», 1979, (ҳамроҳи Шерматоа Д. Р.).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …