Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олимҷонов Анвар

Олимҷонов Анвар

Олимҷонов Анвар (таваллуд 2.6.1930, авули Қорлиғош, ҳозира pайони Андрееви вилояти Тӯлдиқӯрғон), нависандаи советии қазоқ. Аъзои КПСС аз соли 1953. Ба забони русӣ менависад. Университети давлатии Қазоқистонро хатм кардааст (1954). Аз соли 1955 муҳаррири газ. «Ленин­ская смена» ва мухбири «Литера­турная газета» дар Қазоқистон буд. Солҳои I960—70 ҳодими масъули киностудия» «Қазоқфилм», мухби­ри махсуси «Правда» ва «Литера­турная газета». Солҳои 1971—78 котиби якуми Правленияи ИН Қазоқистон.

Дар повестҳои Олимҷонов «Решаҳои ҷовид» (I960; тарҷумаи тоҷикиаш 1963), «Корвон меравад сӯи офтоб» (1963; Мукофоти комсомол» Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон 1965; тарҷумаи тоҷикиаш 1964), «Кӯҳҳои кабуд», 1964; Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон ба номи Абай, 1967), «Армуғони Утрор» (1966; Му­кофоти байналхалқии ба номи Неҳру, 1969; тарҷумаи тоҷикиаш 1970), «Ҷоми Ҷам» (1970) ва ғайра ҳаёти баъдиреволютсионии халқи қазоқ, муборизаи озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка инъикос ёфтааст.

Романи ӯ «Пайкони Маҳамбет» (1969) романи таърихӣ буда, орзуву умедҳои халқ» қазоқро тараннум мекунад. Олимҷонов— муаллифи як силсила очеркҳо. Дар очерки Олимҷонов «Маснади Рӯдакӣ» (тарҷумаи тоҷикиаш 1967) таассуроти нависанда аз боздиди зодгоҳи саромади адабиёти классикии форс-тоҷик ифода шудааст. Умуман Олимҷонов ба гузаштаи таърихии халқҳои Осиёи Миёнаю Қазоқистон таваҷҷӯҳи зиёде дорад, ки ин дар асарҳои ӯ, хусусан дар повести «Армуғони Ут­рор» равщан зоҳир мешавад. Аъзои Комитети советии робитаҳои нави­сандагони Осиё ва Африка.

Основание: Шабадан қудук. Ҳикоя ва очеркҳо. Душанбе, .1963; Корвон меравад сӯи оф­тоб. Повестҳо ва ҳикояҳо, Душанбе. 1973.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …