Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Олӣ Неъматхони Шерозӣ

Олӣ Неъматхони Шерозӣ

Олӣ Неъматхони Шерозӣ (тахаллус; номаш Мирзомуҳаммади Нуруддин; таваллуд байни 1630—40, Деҳлӣ — вафот 1710), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи табиб Ҳаким Муҳаммад Фатҳуддин. Олӣ дар ҷавонӣ бо падараш ба Шероз сафар карда, ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гириф­та, ба камол мерасад ва дар замони ҳукмронии Шоҳиҷаҳон боз ба Ҳиндустон баргашта, ба хидмати дарбори ӯ медарояд.

Пас аз вафоти Шоҳиҷаҳон» дар дарбори писари ӯ Аврангзеб вазифаи навкариро адо менамуд. Дар ин муддат бо шоира Зебуннисо шинос шуда, дар васфи ӯ маснавие менависад. Пас аз вафоти Аврангзеб аз тарафи писари ӯ Баҳодуршоҳ Олӣ ба мансаби хазинадор таъин гарди­да, ба таҳрири «Шоҳнома» ва таълифи «Баҳодуршоҳнома» пардохт.

Вале «Баҳодуршоҳнома» ба итмом нарасида, шоир вафот кард. Олӣ бо бисёр шоирони номии давраш аз ҷумла Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигар шиносоӣ дошт. Аз Олӣ асарҳои зерин боқӣ мондаанд, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд: «Хони Неъмат», «Вақоеи Ҳайдаробод», «Ҷангнома», «Руқаот ва музҳикот», «Шаҳрошӯб», «Панднома», «Мансуроти Олӣ», «Роҳат-ул-қулуб», «Ҳусну ишқ», «Ҳаҷви ҳукамо», «Ҳаҷви атиббо», «Баҳодуршоҳнома» ва як девони ғазалиёт, ки зиёда аз 5 ҳазор байтро дарбар гирифтааст.

Адабиёт: А к р а м о в С., Неъматхони Олӣ ва девони ашъори ӯ, Душанбе, 1981.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …