Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олег Святославич

Олег Святославич

Олег Святославич (миёнаи асри 11. — 4. 8. 1116), князи Руси Қадим, писари князи бузурги Киев Святос­лав. Соли 1073 замини Ростову Суздалро аз падар мерос гирифт, баъд князи Волин шуд. 1076 ҳамроҳи Владимир Мономах ба Чехия юриш кард. Баъди вафоти падараш (1076) мулкҳояшро аз даст дода, 1078 ба князии Тмутаракан гурехт, ки он аз итоати князи бузург баромада буд.

Бо ёрии қипчоқҳо Черниговро забт кард, .вале 3 октябри 1079 дар муҳорибаи назди Нежатина Нива аз қӯшуни бародарон Сзяслав ва Всево­лод Ярославичҳо шикас хӯрда, ба Тмутаракан гурехт. Соли 1079 хазарҳо Олег Святославичро асир карда, ба Қустантания фиристоданд. Ҳукумати Византия ӯро ба ҷазираи Родос бадарға кард.

Ӯ соли 1083 ба Тмутаракан баргашта, боз ӯрдуҳои қипчоқҳоро бар зидди Рус шӯронид ва ба князии Чернигов соҳиб шуда, ба муборизаи тӯлонии зидди князҳои Киев cap кард. Дар солномаҳо ӯро барои бо қипҷоқҳо — душманони Рус иттифоқ бастанаш ва барои «исёнгариҳояш» маҳкум намудаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …