Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оҳангарӣ

Оҳангарӣ

Оҳангарӣ, навъе аз пешаву ҳунар. Оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Дар ҳазораҳои 4—3 то милод дар Эрон, Байнаниаҳрайн, Мисри Қадим ва ғайра аз оҳан хелҳои гуногуни силоҳ, олоти меҳнат ва ғайра месох- танд. Аз ин ҷост, ки аз қадим боз дар Европа, Осиё, Африка ҳунари Оҳангарӣ маъмул аст. Устохонаи Оҳангарӣ бо кура, сандон, путк, дам, болға, амбур, сун- баҳо, гиро, чарх ва ғайра ҷиҳозонида мешуд.

Дар назди кӯра кундаи чӯбинеро то ним ба замин гуронида ба болояш сандон мегузоштанд. Аз ду тарафи кундаи сандондор ду чуқурӣ буда, дар яке усто дар дигаре путкзан меистод. Оҳангар филиаро дар кура сурх карда, ба сандон гузошта, то шакли дилхоҳро гирифтанаш бо хояску кӯба мезад. Ба ӯ путкзан ва дамгар ёрӣ мерасонданд.

Ниёгони тоҷикон дар худи ибтидои хазораи 1 то милод истифодаи филизро медонистаанд. Одамон оҳанро дар кӯрае мегудохтанд, ки харораташ ба 1300— 1400° мерасид. Чунин кураро М. С. Андреев аз водии Ванҷ дарёфт. Устохонаҳои Оҳангарӣ асосан дар кӯчаю гузарҳои серодам, бозор, инчунин дар хавлии худи устоҳо низ сохта ме­шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …