Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Огнемёт

Огнемёт

Огнемёт, аслиҳаи оташфишонест, ки душманро ба воситаи ҷараёни тафсони омехтаи сӯзанда нобуд мекунад. Огнемётҳо хусусӣ (ҳамлшаванда), худгард ва рӯитанкӣ мешаванд.

Огнемёт аз қисмҳои зерин иборат аст: зарфи омехтаи сӯзанда, баллони гази фишурда (ҳаво, нитроген), рӯдаи қаиш, брандспойт (думаки оташфишон), олати механикии афрӯзиш. Массаи Огнемётити замонавии америкоии ҳамлшавандаи АВС—М9—7 22,7 килограмм (ҳангоми пурра ҷиҳозонидан), масофаи оташафканӣ аз 20 то 55 метр, давомати оташфишонии бефосила 5—7 сония.

Огнемёти худгарди америкоӣ М 132 солҳои 60 асри 20 дар асоси бронетранспортёри шинокунанда М ИЗ сохта шуд, ки дар манораи он тадҷҳизоти оташафкан М10—8 ва пулемёт гузошта шудааст (зарфҳои омехтаи сӯзанда ва ҳавои фишурдашударо дар корпуси мошин ҷойгир  меку­нанд). Масофаи оташафкании он то 180 метр ва давомати оташфишонии бефосилааш то 30—40 сония мерасад.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …