Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Обручев Владимир Афанасевич

Обручев Владимир Афанасевич

Обручев Владимир Афанасевич (10.10.1863, деҳаи Клепенино, ҳозира вилояти Калинини РСФСР — 19. в. 1956, Москва), геолог ва географи советӣ, академики Академияи Фанҳои COСP (1929; аъзо- корреспондент 1921), Қаҳрамони Меҳнати Со­сиалистӣ (1945). Президенти фахрии Ҷамъияти географии СССР (аз 1947).

Соли 1886 Институти кӯқкории Петербургро хатм кардааст. Профессори Институти технологии Томск (1901—12), Университети Таврияи Симферо­пол 1919—21) ва Академияи кӯҳкории Москва (1921 —29). Аз соли 1930 район Комиссия (Комитет)-и оид ба омӯзиши яхбандиҳои доимӣ, аз соли 1939 директо­ри Институти сармошиносин Академияи Фанҳои СССР.

Солҳои 1942—46 академик – котиби Шӯъбаи илмҳои геологияю геогра­фияи Академияи Фанҳои СССР.

Обручев тадқиқотчии машҳури геологияи Сибир, Осиёи Марказӣ ва Миё­на аст. Натиҷаи корҳои бисёрсолаи ӯ дар монографияи сеҷилдаи «Гео­логия» Сибир» (1935—38) ва «Таърихи тадқиқоти геологии Сибир» (ҷилди 1—5, 1931—59) ҷамъбаст шудааст. Ӯ доир ба проблемаҳои гуногун — пайдоиши лёсс дар Осиёи Мар­казӣ ва Миёна, яхбандиҳои доимӣ дар Сибир, масъалаҳои умумии тектоника ва сохти тектовикии Си­бир, геологияи конҳои тиллои Си­бир ва ғайра тадқиқот бурдааст.

Обручев муаллифи чандин китобҳои илмии оммавӣ, дарсӣ, илмию фантастикист: «Пайдоиши кӯҳҳо ва конҳои маъдан» (1932), «Асосҳои геология» (1944), «Геологияи саҳроӣ» (ҷилди 1—2, 1927), «Конҳои маъдан» (ҷилди 1—2, 1928—29), «Плутония» (1915, нашраш 1924), «Замини Санников», 1924, нашраш 1926), «Тиллоҷӯён дар биёбон» (1928), «Дар ҷойҳои душворгузари Осиёи Марказӣ» (1951).

Ба­рои асарҳои доир ба Осиёи Марказӣ навиштааш сазовори Мукофоти ба номи Н. М. Пржевалский, медали тиллои Ҷамъияти географии рус ва 2 мукофоти ба номи П.А. Чихачёв (1898 ва 1925) гардидааст. Ӯ дорандаи медали тиллоӣ ба номи А. П. Карпинский (1947), Мукофоти ба номи В. И. Ленин (1926), Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1950), 5 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мебошад.

Ба қаторкӯҳҳе дар РАСС Тува, кӯҳе дар болооби дарёи Ви­тим, қуллае дар қаторкӯҳи Паси Олой, воҳае дар Антарктида, инчунин ми­нерале (обручевит) номи Обручев дода шудааст. Академияи Фанҳои СССР соли 1938 Мукофо­ти ба номи В. А. Обручевро таъсис кард, ки он барои беҳтарин таълифот доир ба геологияи Сибир дода мешавад.

Адабиёт:     Поступальская М., Ардашникова С., Обручев, Москава, 1963.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …