Маълумоти охирин

Нӯзар

Нӯзар яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, нӯҳумин подшоҳи силсилаи Пешдодиён. Подшоҳӣ ба ӯ пас аз падараш Манучеҳр расид. Нӯзар пас аз муддате подшоҳӣ аз роҳу равиши одилонаи падар берун баромад ва ин сабаби парокандагии лашкар ва дилхунукии мардум гардид, Подшоҳи Тӯрон — Пашанг аз ин ҳолат истифода наму­да писаронаш — Афросиёбу Аӯрирасро ба ҷанги Нӯзар фиристод.

Афросиёб дар яке аз ҷангҳо Нӯзарро мағлуб кард. Зол аз ин ҳол огоҳӣ ёфта, ба муқобили Афросиёб лашкар кашид. Номи Нӯзар дар Авесто Наотара дар ёдгориҳои паҳлавӣ Нотар омадааст ва ӯ сардори силсили хонадони Нӯзариён аст. Нӯзар ду писар дорад: Густаҳм ва Тӯс. Ин писарон ҳам дар Авесто ва осори паҳлавӣ ёд мешаванд ва дар «Шоҳнома» чун паҳлавонони номӣ амал мекунанд.

Адабиёт: А б у л к о с и м и Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷилди. 1, Душанбе, 1964;

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …