Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Нӯғайҳо

Нӯғайҳо

Нӯғайҳо, халқест дар кишвари Ставрополи РСФСР, РАСС Доғистон, РАСС Чечняи-Ингуш ва Вилояти Автоно­мии Қароҷаю Черкас. Шумораашои 60 ҳазор нафар (1979). Ба забовн нӯ­гаӣ гап мезананд. Динашон ислом (суннӣ). Нӯғайҳо аҷдоди қабилаҳои гуногуни турк ва муғуланд, ки ба улуси ҳазорбоши Нӯган Ӯрдаи Тиллоӣ дохил буданд ва бо қипчоқҳои туркизабон омехта шуда, забони онҳоро қабул карданд.

Аз ҷиҳати этногра­фӣ ба Нӯғайҳои сиёҳ, сафед ва ачиқулоқ тақсим мешаванд. Аз асри 13 дар юришҳои муғулҳо иштирок кардаанд. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр машғулияти асосиашон чорводории кӯчманчигӣ буд. Нӯғайҳои Кубан, ки охири асри 18 муқимишуда буданд, бо деҳқонӣ шуғл доштанд. Дар замони советӣ гурӯҳҳои дигари Нӯғайҳо низ аз зиндагии бодиянишинӣ ба муқимӣ гузаштанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …