Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нубувват

Нубувват

Нубувват (пайғамбарӣ), таълимоти динист, ки бар хилофи пешбини илмӣ, гӯё дар асоси ваҳй ё каромот пайдо шуда, ба қувваҳои фавқуттабиа алоқаманд аст. Мӯътақидон ақида доранд, ки иродаи худо сабаби ҳодисаҳо ва оқибати онҳост тақдири одамон ба ҳамин ирода вобаста аст. Аз ин рӯ, шахсҳо бояд ба пайғамбарону авлиётҳо бовар кунанд ва гуфтаи онҳоро хақ донанд. Ходимони дин (коҳинон, роҳибон ва ғайра) Нубувватpo барои мустаҳкам намудани эътиқоди динии омма истифода мебаранд. Дар Юнон ва Рими Қадим дар асоси ҳодисаҳои осмонӣ, парвози паррандаҳо ва ғайраҳо коҳинон гӯё «иродаи худоҳо»-ро пешгӯӣ мекарданд. Ин қабил пешгӯиро «мантиқа» мӯгуфтанд.

Ҷойҳои махсусе, ки дар Юнон амалиётҳои Нубувватӣ иҷро мешуданд, оракул (oraculum) меномиданд. Дар асрҳои миёна аз Бобулистон ба Европа Нубувват— пешгӯии тақдиру сарнавишт аз рӯн мақоми зоҳирии ҷисмҳои мунири осмонӣ роҳ ёфта, васеъ интишор мегардад. Мувофиқи ақидаи динӣ Нубувват ба шахсе муяссар мегардад, ки ӯро худо нисбат ба бандагони дигари худ имтиёз дода, аз асрори «олами гайб» огоҳ мегардонад. Чунончи, дар дини ислом ин вазифаро Муҳаммад иҷро кардааст, ки гӯё худо ба ӯ ҳидояти муъминонро супурда, дар бораи ин ё он ҳодиса ба ӯ ваҳӣ медодааст ва пайғамбар бандагони дигарро аз он бохабар мекардааст.

Баъзеҳо барон Нубувват мавҷудияти хислатҳои зайлро зарур медонистаанд: яке аз он пайғамбар дорои ҳадси (интупцияи) қавн буда, аз бисёр воқеаҳову ҳодисаҳо ва мӯъҷизаҳо тавассути қобилияти фитрии худодод огоҳ аст; дигар ин ки ӯ бевосита ё бавосита бо худо сӯҳбат мекунад. Масалан, дар ислом Муҳаммад бо худо гоҳе бевосита ва гоҳе ба воситаи Ҷабраил роз гуфта, ё худ худо аз ғайб ҳангоми хоб низ ваҳй медо­дааст. Ҳаман халқҳо хоббиниро яке аз аломатҳои Нубувват медонистанд.

Нубувват дар бораи «охират» маҳсули хаёли мустабидони дин аст, ки одатан дар давраи таназзули тартиботи иҷтимоӣ ё вуқуи ягон бадбахтӣ бофта мешавад. Синфҳои ҳукумрони мамлакатҳои имрӯзаи капиталистӣ «пешгӯён»—каллобони мухталифро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ кар­да, бо ҳамин роҳҳо меҳнаткашонро аз муборизаи револютсионӣ дур ме­кунанд ва худро аз ҳалли масъалаҳои реалии ҷамъиятӣ канор мегиранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …