Маълумоти охирин

Нозема

Нозема (Nosema), ҷинси ҳайвонҳои соддатарини паразитии дохилиҳуҷайрагӣ аз гурӯҳи микроспоридия. Зиёда аз 90 (аз рӯи маълумотҳои дигар қариб 120) намуди Нозема маълум аст. Нозема дар ҳайвонҳо паразитӣ кар­да, бофта ва узвҳои ҷудогона ё тамоми организми соҳибашро иллатнок мекунад. Баъзе намудҳои Нозема кирми абрешим (масалан, Nosema bombycis), моҳӣ, занбӯрӣ асал ва дигар ҳайвонҳои фоиданокро гирифтори беморӣ карда, ба хоҷагии халқ зарар мерасонад. Намудҳои дигари он ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқро нобуд мекунанд.

Бинобар ин онҳо дар муборизаи био­логӣ истифода мешаванд.

Ад.: В е й з о р Я., Микробиологические методы борьбы с вредными насекомыми М., 1972.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …