Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новиков Александр Александро­вич

Новиков Александр Александро­вич

Новиков Александр Александро­вич (таваллудаш 19.11.1900, деҳаи Крюково, ҳозира pайони Нерехтскии вилояти Костро­ма —1976, Москва), ходими ҳарбии советӣ, Сармаршали авиатсия (1944), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (17.04.1945 ва 08.09.1945), профессор (1958). Аъзои КПСС аз соли 1920. Дар сафи Армияи Сурх аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ (1918—1920). Курсҳои «Выстрел» (1922) ва Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм намуд (1930).

Аз соли 1938 сардори штаби ҚҲҲ Округи ҳарбии Ленин­град ва дар давраи Ҷанги байни Иттифоқи Советӣ ва Финляидия 1939—1940 — сардори штаби ҚҲҲ Фронти Шимолу Ғарбӣ. Аз соли 1940 фармондеҳи ҚҲҲ, Округи ҳарбии Ленинград ва баъди cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ фармондеҳи Фронти Шимолӣ (аз августи 1941 — Фронти Ленин­град). Феврали— апрели 1942 ҷонишини 1-уми фармондеҳ ва солҳои 1942—1946 фармондеҳи ҚҲҲ Армияи Советӣ (дар як вақт солҳои 1942—1943 ҷонишини комиссари халқии мудофиа). Баъди ҷанг дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҚҲҲ. Депутати Советӣ Олии СССР (даъвати 2). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени Суворов (дараҷаи 1), орде­ни Кутузов (дараҷаи 1), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ситораи Сурх ва медалҳо, инчунин бо янчанд ор­дени мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …