Новичёнко Леонид Николаевич (таваллудаш 31.03.1914, деҳаи Русанови ҳозира pайони Липоводолитскии вилояти Сум), мунаққид ва адабиётшиноси советӣ, аъзо-корр. АФ РССУ (1958). Аъзои КПСС аз соли 1944. Университети Киевро хатм кардааст (1939). Дар мавзуи назарияи реализми сотсиалистӣ, таърихи адабиёти украин, муоинаи адабиёти халқҳои СССР ва ғайра асарҳои илмӣ дорад.
Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Т. Г. Шевченко, М. Ф. Рилский, П. Тичина асарҳо навиштааст. Новичёнко яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти украин» (ҷ. 1—8, 1967—1971) мебошад. Барои китоби «Назм ва револютсия» (1956) сазовори мукофоти АФ СССР ба номи В. Г. Белинский ва барои китоби «Назм иллюстратсия, балки кашфи асрор!» (1968, тарҷумаи русӣ 1969) сазовори Мукофоти давлатии РССУ ба номи Т. Г. Шевченко гардид (1968). Котиби ИН СССР (аз 1959). Бо 5 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.