Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Новичёнко Леонид Николаевич

Новичёнко Леонид Николаевич

Новичёнко Леонид Николаевич (таваллудаш 31.03.1914, дехаи Русанови хозира pайони Липоводолитскии вилояти Сум), мунаккид ва адабиётшиноси со­вети, аъзо-корр. АФ РССУ (1958). Аъзои КПСС аз соли 1944. Университети Киевро хатм кардааст (1939). Дар мавзуи назарияи реализми сотсиалисти, таърихи адабиёти украин, муоинаи адабиёти халкхои СССР ва гайра асархои илми дорад.

Дар бораи хаёт ва эчодиёти Т. Г. Шев­ченко, М. Ф. Рилский, П. Тичина асархо навиштааст. Новичёнко яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти украин» (ч. 1—8, 1967—1971) мебошад. Барои китоби «Назм ва револютсия» (1956) сазовори мукофоти АФ СССР ба но­ми В. Г. Белинский ва барои китоби «Назм иллюстратсия, балки кашфи асрор!» (1968, тарчумаи руси 1969) сазовори Мукофоти давлатии РССУ ба номи Т. Г. Шевченко гардид (1968). Котиби ИН СССР (аз 1959). Бо 5 ор­ден ва медалхо мукофотонида шу­дааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …