Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Носирӣ Қаюм

Носирӣ Қаюм

Носирӣ Қаюм (14.02. 1825-02. 09. 1902, Қазон), адиб ва олими маорифпарвари тотор. Дар Мадраса (1841— 1855) таҳсил намуда, аз дарсҳои Университети Қазон ба сифати сомеъ баҳравар гардидааст. Солҳои 1871—1876 дар Қа­зон мактаби русӣ-тоторӣ кушод ва худаш дарс медод. Дар фаъолияти педагогиаш аз К. Д. Ушинский ва Л. Н. Толстой илҳом гирифта, китоб­ҳои дарсӣ ва васоили таълим таҳия кардааст. Аввалин таълифоти таълимиаш «Китоби наҳв» (1860) ва «Ҳангоми фароғат» (1860) буд.

Дар замина ва материали адабиёти Шарқ «Достони 40 вазир» (1868) ва «Қиссаи Абуалии Сило» (1872) барин асарҳо навиштааст, ки ақидаҳои ахлоқию тарбиявиашро дар бар гирифтаанд Носирӣ бо унвони «Қобуснама» (1881) китобе дорад, ки тарҷумаи озоди асари адиби форс–тоҷик Унсурулмаолии Кайковус аст. Носирӣ барои таълиму тадрис грамматикаи илмии забони тоторӣ, имло, китобҳои математика, география, таърих ва ғайраро тартиб додааст.

Дар мавзӯи этногра­фия ва фолклори тоторҳо бо унво­ни «Анъана ва маросимҳои тоторҳои Қазон» (1880, русӣ), «Намунаҳои адабиёти халқии тоторҳои Қазон» (1896, русӣ), «Афсонаҳои тоторҳои Қазон ва муқоисаи онҳо бо афсонаҳои халқҳои дигар» (1900) китобҳо тасниф кардааст. Ӯ инчунин таҳиякунандаи «Луғати тоторӣ-русӣ» (1875) мебошад. Новеллаҳои Носирӣ ба инкишофи насри бадеии тотор ва ташаккули реализми маорифпарварӣ мусоидат кардаанд.

Ад.: Г а й н у лл и н М., Татарская ли­тература и публицистика начала XX ве­ка, Казань, 1S66.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …