Норанҷ норинҷ, норанг, 1) мандарин (Citrus unshii), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи судобиҳо, Баландиаш 2—3 м. Баргаш байзашакл ё эллипсии думчадор, гулаш сафед, мевааш норанҷӣ (диаметраш 4—6 см), пӯсташ тунук, мағзаш бетухми норанҷии зардтоб. Норанҷи худ рӯи дар табиат вонахӯрда аст. Норанҷиро аа замоншои қадим дар кишварҳои баҳри Миёназамин парвариш мекунанд. Ба Европа дар асри 19 овардаанд. Норанҷипарварӣ махсусан дар Япония, Хитой ва Ҳинду Хитой тараққӣ кардааст. Дар соҳаи ситруспарварӣ баъд аз афлесун ҷои дуюмро мегирад. Дар ҷаҳон соле зиёда аз 6 млн т Норанҷ мегиранд.
Дар Гурҷистон парвариши Норанҷ 100 сол пеш cap шуда бошад ҳам, фақат дар солҳои Ҳокимияти Советӣ аҳамияти саноатӣ пайдо кард. Ҳоло зиёда аа 4 ҳазор га норанҷзор (РСС Гурҷистон) ҳаст. Ҳосили дарахтони 10—12-солаи Норанҷ 150—500 п/га, 25—30-сола то 1000 с. га аст. Дар СССР танҳо як намуди Норанҷ (С. inshii)-po мепарваранд. Дар РСС Тоҷикистон чанд навъи Норанҷро фақат дар Ст. таҷрибавии зироати субтропикии Колхозобод месанҷанд. Норанҷро бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Барои пайванд ниҳоли 1—2-солаи Норанҷи х а с а к ё понсирус (Poneirus trifoliata) -ро истифода мебаранд. Норинҷи хасак дарахти ҳамешасабзест, ки дар ноҳияҳои кӯҳсори Хитой мерӯяд, мевааш хӯрданбоб намебошад. Онро дар ноҳияҳои субтропикии СССР аз тухмаш зиёд карда, барои пайванд истифода мебаранд. Норанҷ баъди 3—4 соли пайванд мева меҳавад. Дарахти Норанҷ то 25—30 солагӣ ҳосил медиҳад. Даври нашваш 190— 200 рӯз. Май-июн гул мекунад, мевааш ноябр-декабр мепазад. Назар ба лиму ва афлесун намталабтар аст. Дар хоки карбонатии порудор хуб месабзад.
Норинҷ меваи хеле маъмул аст. Асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад. Аз он шарбат ва мураббо низ тайёр мекунанд. Мағзи мевааш 6,8—7,4% қанд, қариб 1% ҷавҳар, то 40 мг% витамини С, В1 дорад. Аз гул ва пӯсти мевааш равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт ва қаннодӣ ба кор меравад. Дар тиб қисми пӯсташро барои муолиҷаи иллати шуш ва чун омили мушаҳҳӣ ба кор мебаранд; 2) герйпфрут, помпелмус (С. paradisii), дарахти серхори ҳамеша- сабзест аз оилаи судобиҳо. Баландиаш 6—15 м. Баргаш мудаввари думчадор, гулаш сафеди дуҷинса, хушагулаш 3—20-гула, мевааш зард (диаметраш то 15 ом), одатан тухмдор, мағзаш хокистари ё гӯлобӣ. Грейпфрути худрӯй дар табиат вонамехӯрад.
Ватанаш Америкаи Марказӣ. Парвариши он аз аввали асри 20 маъмул шуд. Дар дунё аз он соле то 4 млн т мева мегиранд. Дар мамлакати мо аз соли 1911 мепарваранд. Ҳосилаш 150-200 с/га. Ҳар бехи дарахти 10— 15-солаи он 200—300 дона Мева медиҳад. Дар СССР асосан навъҳои «Дункан», «Марш», «Бедона» ва ғайра маъмуланд. Бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Ҳамчун пайвандтак ниҳоли понсирусро истифода мебаранд. Баъди 4—5 соли пайванд мева мебандад. Моҳи май гул мекунад, мевааш ноябр-декабр мепазад. Мевааш барои тархӯрӣ ва тайёр кардани шароат, мураббо, компот истифода мешавад.
Мағзи мевааш 4—7% қанд, 1,5—2,5% ҷавҳар, витаминҳои Р, В, С (то 40 мг%) ва ғайра дорад. Барои рафъи авитаминоз омили хубест; 3) б и г а р дия, померанес, афлесуни т а л х а к (С. aurantium), дарахти ҳамешасабзест аз оилаи судобиҳо. Баландиаш 2—10 м. Баргаш байзашакли дарозрӯя 6 эллипсии думчадор, гулаш калони сафеди хушбӯй, мевааш норанҷии кушоди мудаввар (диаметраш 5—7 см), таъмаш турш ё каме талх, пӯсташ ғафс (қариб 1 см). Моҳҳои апрел май гул мекунад, меваашро октябр -ноябр меғундоранд. Померанеси худрӯй дар табиат пайдо нашудааст. Ҷанубу шарқи Осиёро ватани померанес меҳисобиданд. Дар кишварҳои баҳри Миёназамин аз қадим маъмул аст. Дар СССР асосан дар соҳилҳои субтропикии баҳри Сиёҳ (Кавказ) ва Озарбойҷон парвариш мекунанд. Онро низ чун дигар зироатҳои ситрусӣ, бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Меваашро асосан барои тайёр кардани шарбат истифода мебаранд. Аз гулаш равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт ба кор меравад.
Ад.: Атлас лекарственных растений СССР. М., 1961; Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР, М., 1978.