Ногин Виктор Павлович (тахаллуси партиявиаш Макар ва ғайра, 14. 2. 1878, Москва — 22.5.1924, ҳамон ҷо), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ.
Аз оилаи приказчик. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1898. Соли 1893 коргари мануфактураи Глухов дар Богородск, ҳоло Ногинск, 1896 коргар дар заводҳои Петербург, аъзои гурӯҳи с. д.-и «Paбочее знамя». Соли 1898 ба Полтава бадарға шуд. Соли 1900 ба Лондон ҳиҷрат кард. Бо В. И. Ленин мукотиба дошт ва дар Мюнхен бо ӯ вохӯрд. Соли 1901 агента «Искра» дар Москва ва Петербург. Соли 1903 аъзои Комитети екатеринославии РСДРП. Баъди Съезди 2-юми РСДРП — болшевик.
Аъзои комитетҳои РСДРП дар Петербург (1905), Боку (1906), Москва (1906—08) ва раиси Бюрои марказии иттифоқҳои касабаи Москва. Дар Съезди 5-уми партия (1907) аъзои КМ интихоб гардид. Ҳафт маротиба ба Сибирп Шарқӣ ва Шимол бадарға шуд ва шаш маротиба гурехт. Солҳои 1914—1915 дар Москва ва Саратов кор кард. Аз соли 1916 аъзои Бюрои КМ РСДРП оид ба вилояти Москва. Дар солҳои реаксия (1908—10) нисбат бо ликвидаторон ва солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) бо меншевикон муросокорӣ зоҳир намуд.
Баъди Револютсияи феврали 1917 яке аз ташкилотчиёни Советӣ Москва, ҷонишини раис ва аз сентябри раиси Совети Москва буд. Дар Конференсияи 7-уми (апрели) ва Съезди 6-уми РСДРП (б) аъзои КМ интихоб шуд. Аъзои КИМУ (даъвати I). Дар рӯзҳои Револютсияи Октябр (1917) аъзои Комитети ҳарбии револютсионии Москва буд. Вакили Съезди 2-юми Советҳо. Дар нахустин ҳайати СКХ комиссари халқӣ оид ба корҳои савдо ва саноат буд, 17 ноябри 1917 бо иштироки меншевикон ва эсерҳо ҳукумати коалитсиониро тарафдорӣ намуда, аз ҳайати КМ РСДРП (б) ва СКХ баромад.
Баъдтар хатои худро иқрор кард. Аз соли 1918 ҷонишини комиссари халқӣ оид ба меҳнат ва аъзои Президиуми Совети Олии Хоҷагии Халқ (СОХХ). Соли 1921 раисп Иттифоқи умумироссиягии коркунони кооператсия. Солҳои 1922—1924 раиси Правленияи умумироссиягии синдикати бофандагӣ. Вакили съеэдҳои 7—12-уми партия. Дар Съезди 9- уми партия номзад ба аъаоии КМ РКП (б) ва дар Съезди 10-уми партия аъзои Комиссияи марказии тафтишот (КМТ) интихоб гардид. Солҳои 1921—1924 раиси КМТ-и РКП (б). Аз соли 1921 аъзои Бюрои байналхалқии Интернатсионали сурхи иттифоқҳои касаба. Аъзои Бюрои КМ РКП (б) оид ба Туркистон, аъзои Комиссияи КИМУ ва СКХ РСФСР оид ба корҳои Туркистон буд. Дар Майдони Сурхи Москва мадфун аст.