Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Низомуддини Барҷандӣ

Низомуддини Барҷандӣ

Низомуддини Барҷандӣ ибни Муҳаммад иб­ни Ҳусайни Бирчандӣ (нимаи дуюми асри 15 Бирҷандӣ Хуросон — вафот 1528), математик ва астроном, шогирди Алоудднни Кушчӣ. Яке аз давомдиҳандагони тадқиқоти олимони мактаби илмии Самарқанд. Низомуддини Барҷандӣ дар байни ҳамзамононаш на танҳо чун астроном ва математики номӣ, бал­ки чун тафсирдиҳандаи осори илмии олимоии Осиёи Миёна машҳур буд. Асарҳои Низомуддини Бирҷандӣ ба соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ оид буда, ба забони тоҷикӣ-форсӣ таълиф ёфтаанд ва дар китобхонахои Оксфорд, Теҳрон, Машҳад, Ленинград, Тошкент маҳфузанд. Машҳуртарни асарҳои Низомуддини Бирҷандӣ инҳоанд: «Рисола дар ҳайат», «Бист боб дар тақвим», «Рисолат-ул-абъод ва-л-аҷром», «Шарҳи мулаххаси Чағминӣ», «Шарҳи шамсият-ул-ҳисоб», «Шарҳи зичл Кӯрагонӣ», «Шарҳи бист боби Тӯсӣ» ва ғайра.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …