Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нишондиҳандаҳои планӣ

Нишондиҳандаҳои планӣ

Нишондиҳандаҳои планӣ, муҳимтарин воситаи планкашии хо­ҷагии халқ. Нишондиҳандаҳои планӣ вазифаи планҳои иқтисодию сиёсиро дар шакли масъалаҳои конкретӣ ва ҳисобу китоби онҳо ифода мекунад. Дар СССР системам ягонаи нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманд амал меку­над. Он ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти корхонаю соҳаҳо, хоҷагиҳои республикаҳои иттифоқӣ, ноҳияҳои иқтисодии мамлакат, нишондиҳандаҳои умумии просесси такрористеҳсоли сосиалистӣ ва афзоиши некӯахволии халқро низ дар бар мегирад. Систе­маи нишондиҳандаҳо дар асоси баҳисобгирии принсипҳои планкашии хоҷагии халқ кор карда шуда, ба манфнати инкишофи мунтазам ва самарабахши иқтисодиёт, таъмини директивии вазифаҳои планӣ, мувофиқати тақсимоти соҳавию территориявӣ равона карда мешавад (нигаред Планкашии хоҷагии халқ).

Номгӯи умумии Нишондиҳандаҳои плании хоҷагии халқро Гос­плани СССР муқаррар мекунад. Номгӯи нишондиҳандаҳои соҳаҳои алоҳидаро вазоратҳою идораҳо, дар территорияҳои республикаҳои иттифоқӣ бошад, Совети  Вазирони республика муайян мекунад. Нишондиҳандаҳои планӣ  асосан ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: тасдиқшаванда, ки барои ҳамаи корхо­наю ташкилотҳо ҳатмианд ва ҳисобӣ, ки барои асоснок намудани вази- фаҳои планӣ истифода мешаванд. Нишондиҳандаҳои плании тасдиқшаванда дар плани хоҷагии халқ ҳамаи вазифаҳои асосиро, ки суръату таносуби тараққии хоҷагӣ, аз он ҷумла ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот, нишондиҳандаҳои баланд шудани самаранокии истеҳсолот, тараққии соҳаҳои хизматрасонии аҳолӣ ва афзоиши дараҷаи зиндагонии халқро муайян мекунанд. Нишондиҳандаҳои плании ҳисобукитобӣ дар пла­ни худ номгӯи муфассали маҳсулот, кору хизматрасонӣ, системаи васеи нормаҳои техникию иқтисодӣ ва нормативҳо (ҳосилнокии таҷҳизот, харҷи захираҳои моддӣ, меҳнат), ҳисобу китобҳои балансӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Принсипҳои асосии ташаккули системаи Нишондиҳандаҳои планӣ  ҳам барои планҳои перспективӣ ва ҳам барои планҳои солона якхеланд.

Вале дар планҳои панҷсола доираи нишондиҳандаҳо мухтасар нишон дода меша­вад, дар плапҳои солона бошад Нишондиҳандаҳои планӣ  муфассал ва аниқ ифода меёбанд. Масалан, дар планҳои хоҷагии халқ ба­рои як сол вазифаҳои истеҳсолоти бештар аз 2000 намуди маҳсулоти саноатӣ, рӯйхати 400—500 сохтмони калон, ки нав ба кор cap кардааст, тасдиқ карда мешавад. Таркиби Нишондиҳандаҳои планӣ  доимо дар асоси баҳисобгирии вазифаҳои асосӣ, ки дар планҳои азхудкунии истсҳсоли маҳсулоти нав пешбинӣ шудаанд, ислоҳ карда ме­шаванд ва ғайра.

Масалан, дар планҳои хоҷагии халки панҷсолаи 10-ум (1976—1980) вазифаҳои дар соҳаи баланд шудани дараҷаи зиндагонии халқ, афзоиши са­маранокии истеҳсолот ва пеш аз ха­ма ҳосилнокии меҳнат, боздеҳи фонд, самаранокии маблағгузорӣ, сарфи нормаи  қиёсии ашёи хом, масолеҳ ва сӯзишворӣ васеъ гаштанд. Нишондиҳандаҳои планӣ  вобаста аз мавқеи онҳо дар такрористеҳсоли ҷамъиятӣ метавонанд ба гурӯҳҳои зерин муттаҳид шаванд. 1) Аҳолӣ, меҳнати инсон ва истифодаи он: шумораи аҳолӣ, коргарону хизматчиён, колхозчиён, на- фақахӯрон ва дигар табақаҳои аҳолӣ, ҳосилнокии меҳнат, фонди вақти кор ва ғайра 2) Фондҳои асосӣ: фондҳои асосии амалкунанда ва ба кор андохтани онҳо; иқтидорҳои истеҳсолӣ, дараҷаи истифодаи онҳо (боздеҳи фонд). 3) Фондҳои оборотӣ, баланс ва планҳои тақсимоти ашёи хом, масолеҳ, сӯзишворӣ, нормаи харҷи захираҳои моддӣ ба воҳиди маҳсу- лот; нормативҳои захираи фондҳои оборотӣ. 4) Пешрафти илмӣ-техникӣ: инкишофи муассисаҳои илмӣ ва ҳаҷми тадқиқотҳои илмӣ; дараҷаи ҷорӣ кардани комёбиҳои илму тех­ника дар истеҳсолот, самаранокии онҳо. 5) Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҳамлу нақл. 6) Ҳаҷми маблағгузорӣ ва корҳои сохтмону васлкунӣ. 7) Нишондиҳандаҳои молиявӣ: арзиши аслии маҳсулот ва хароҷоти муомилот, фоида ва даромаднокӣ; даромад ва хароҷоти давлат, корхона ва ташкилотҳо; фонди ҳавасмандонии иқтисодӣ; даромаду хароҷоти аҳолӣ; нормативҳои гуногуни молиявӣ. 8) Нишонипҳандаи дараҷаи зиндагонии халқ ва тараққии иҷтимоию маданӣ; даромадҳои реалӣ ба ҳар як сари аҳолӣ; музди кори коргарон ва хизматчиён ва ҳаққи меҳнати колхозчиён; пулдиҳию имтиёзҳо аз фондҳои ҷамъиятӣ, дараҷаи истеъмоли молҳо; гардиши моли чакана; бо манзилгоҳ таъмин кардан ва хизматрасонии коммуналӣ, хизматрасонии маишӣ, инкишофи маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ. 9) Ҳифзи муҳити беруна ва истифодаи захираҳои табиӣ. 10) Таносубҳои хоҷагии халқ ва самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ; баланси маҳсуло­ти ҷамъиятӣ ва даромади миллӣ. 11) Робитаҳои иқтисодии берунӣ: ҳаҷми умумии экспорт ва импорт (воридоту содирот) мувофиқи гурӯҳи молҳо; нишондиҳандаҳои ҳамкории илмӣ-техникӣ; нишондиҳандаҳои иқтисодии интеграсияи мамлакатҳои аъзои СЭВ ва ғайра. Номгӯи нишондиҳандаҳо, ки дар планхои хоҷагии халқ зикр меёбанд, дар оянда аз тарафи вазоратҳо, идораҳо ва Совети Вазирони Республикаҳои иттифоқӣ васеъ карда мешаванд.

Адабиёт: Планирование народного хозяй­ства СССР, 3 издание. 1973; Методические указания к разработке государственных планов развития народного хозяйства СССР, Москва, 1974.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …