Маълумоти охирин

Нил

Нил:

1) ранг, индиго (йен. indigo, аз юн. indikos— ҳиндӣ), C16H12O2N2, моддаи кристаллии кабуди тира, t гудозиш 390—392° Селсия, дар обу спирт ҳал намешавад, дар дигар ҳалкунандаҳои органикӣ кам ҳал мегардад. Нил аз қадимулайём маълум буда, барои ран- губори пахта ва пашм истифода мешуд. Вайро асосан аз растаниҳои ниловар (масалан, Indigofera tinctoria) мегирифтанд. Ҳоло Нилро аз анилин ҳосил мекунанд. Тадқиқи сохт ва усулҳои синтези Нил дар охири асри 19 боиси инкишофи истеҳсоли рангубори нилӣ гардид.

2) Растанӣ, индигофера (Indigofe­ra), ҷинси растаниҳои буттагӣ ё алафӣ аз оилаи лӯбиёиҳо. Барги тоқа- тоқаи паррадори мураккаб, гули дуҷинсаи гулобӣ, қирмизӣ ё сафед дорад. Қариб 300 намудаш дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ мерӯяд. Дар СССР 3 намудаш (I. gerardiana, potaninii, I. kirilowii)-po дар Қрим, Закавказияи Ҷанубӣ ва Осиёи Миё­на парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон I. articulata дар ст. таҷрибавии Қабодиён (аз 1978) кишт мешавад. Аксари намудҳои Нил гликозиди индикан доранд. Дар байни онҳо аз ҳама зиёдтар Нилии рангдеҳ (I. tin­ctoria) ва Нили анил (I. anil) аҳамият дорад.

Қисми дарёи Нил, ки аз Қоҳира мегузарад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …