Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаев Андриян Григоревич

Николаев Андриян Григоревич

Николаев Андриян Григоревич (таваллудаш 05. 09. .1929, деҳаи Шоршели, райони Мариииский-Посади РАСС Чуваш), лётчик-кайҳоннаварди СССР, гене­рал лейтенанти авиатсия, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1962, М 1970). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1947 Техникуми техникаи ҷангали Мариинский Посадро хатм намуда, то 1950 дар Карелия устои ҷӯбтайёркунӣ шуда кор кард. Баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавони Фрунзе (1954) ба сифати лёт­чики қиркунанда хизмат кард. Аз соли 1960 дар отряди кайҳоннавардон. 11—15 августи 1962 дар киштии кайҳонии «Восток-3» бори аввал ба кайҳон парвоз намуд. 12 августи 1962 киштии кайҳонии «Восток-4», ки онро П. Р. Попович идора мекард, низ ба кайҳон парвоз намуда бо киштии «Восток-3» 74 с. 24 дац. дар парвози гурухи буд. Байни кпштихо радно- алок,аи дутарафа муқаррар карда шуд, киштиҳо то 6,5 км ба ҳам наздик шуданд. Байни киштиҳо ва Замин алоқаи телевизионӣ низ муқаррар гардид. Парвози Николаев 94 соату 10 дақиқа давом кард. 1 июни 1970 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз- 9» (ҳамроҳи В. И. Севастянов) маротибаи дуюм ба кайҳон парвоз кард. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи парвоз ҳар ду сиҳату саломат ба Замин баргаштанд.

Николаев соли 1968 Академияи ҳарбии ҳавоии инженерии ба номи Н. Б. Жуковекийро хатм намуд. Аъзои фахрии Академияи байналхалқии астронавтҳо. Бо 2 ордени Ленин, ордени Ситораи Сурх ва дигар ордену медалҳои СССР ва хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Николаев ҳамчнин дорандаи унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии РХБ, Қахрамони Меҳнати Республикаи Сотсиалистии Ветнам, Қаҳрамони РХМ мебошад. Яке аз танураҳои тарафи нонамоёни моҳ номи Николаевро дорад.

Ас.: Встретимся на орбите, М., 1966.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …