Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Никитин Василий Иванович

Никитин Василий Иванович

Никитин Василий Иванович (22. 4. 1902, деҳои Городише, ҳозира вилолият Орёл — 8. 10. 1973, Душанбе), хи­мики советӣ, доктори илмҳои хи­мия (1961), профессор (1962), академик АФ РСС Тоҷикистон. (1968). Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон. (1972). Аъзон КПСС аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги дуюмн ҷаҳон. Соли 1932 Институти технологияи химиявии Ленинград ба номи Ленсоветро хатм кардааст. Шогирди А. Е. Фаворский. Соли 1944 ба Тоҷикистон омад.

Бо ташаббуси ӯ соли 1946 дар назди Филиали тоҷикистонии АФ СССР Институти химия таъсис ёфт. Солҳои 1946—1971 Никитин директори институти мазкур буда, перспективаҳои тараққиёти ин соҳаи илмро муайян намуд, ба омӯзиши сарватҳои табиии республика асос гузошт. Никитин муаллифи зиёда аз 150 мақолаю асарҳои илмӣ оид ба химияи асетилен аст. Ӯ аввалин шуда дар шароити реаксияи Фаворский глимеринҳо (спиртҳои сеатома)-и сеюмини қатори асетиленӣ ва эфирҳои соддан онҳоро синтез намуда, хусусияти химиявии онҳоро омӯхт ва дар шарои­ти реаксияи дегидратасия ва гидра­тасия ба пайвастҳои мураккаби гетеросиклӣ табдил ёфтани онҳоро нишон дод. Ба Институти химияи АФ РСС Тоҷикистон номи ӯ дода шуд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, меда­ли «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.

Ас.: Третичные глицерины ацетиле­нового и этиленового рядов и их хими­ческие превращения-, «Тр. ин-та химии АН Таджикской ССР», т. 4., Д., 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …