СИТОРАҲОИ НАВ, ситораҳоеро гӯянд, ки равшаноиашон якбора афзуда, баъд тадриҷан кам мешавад. Равшаноӣ аз 1—2 с (С. н.-и баланд- суръат) то янчанд шаборӯз (Ситораи нави пастсуръат) мушоҳида мешавад. Баъди якчанд сол равшаноии Ситораҳои нав кам шуда, ба равшанони аввала баробар мешавад.
Дар замонҳои қадим ситораҳои тобишашон баландшудаи дар осмои намоёнгаштаро ситораҳои нав пайдошуда ҳисоб мекарданд. Тадқиқи фотографи ин ақидаро рад кард: дар ибтидои асри 20 исбот гардид, ки чунин ситораҳо то афрӯзиш ҳам буданд, вале аввал тобишашон писбатан суст буд, баъди афрӯзиш тобиши онҳо ба тобиши пештараашон тақрибан баробар мешавад.
Солҳои 80 асри 20 дар Галактикаи мо зиёда аз 180 ситораи нав маълум буд. Мувофиқи муҳосибаи статистикӣ ҳар сол дар Галактика қариб 100 ситораи нав афрӯхта мешавад, ки аз Замии танҳо 1—2-тои он мушоҳида мешаваду халос.