Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неотектоника

Неотектоника

Неотектоника (аз нео… ва тектоника), тектоникаи навтарин, фасли геотектоника, ки просессҳои гуногуни тектоникии асосан дар давраҳои неогену чорумин (25—30 миллион соли охир) рӯидодаро меомӯзад. Ин процессҳо боиси хеле тағйир ёфтани сохти қишри Замин, ба вуҷуд омадани шаклҳои структурии нав ва ба худ тарҳи тоза гирифтани- структураҳои қадимӣ гардидаанд. Ташаккули релефа ҳозираи сатҳи Замин натиҷаи харакатҳои тектоникии давраҳои неоген ва чорумин мебошад.

Соли 1937 С. С. Шулс релефа Тиёншонро таҳлил карда, бори аввал истилоҳи «тектоникаи навтарин»-ро кор фармуд. Ӯ аз ин мафхум он ҳаракатҳои тектоникиеро мефаҳмид, ки дар натицаи он ҳаракатҳо реле­фи ҳозираи Тиёншон ба вучуд омадааст. Соли 1948 В. А. Обручев ҷорӣ намудани фасли нави геология — неотектоникаро пешниҳод кард. Вай ҳаракатҳои навтаринро аз сикли тектогенези алпӣ чудо мекард. Ақидаҳои ӯро минбаъд Н. И. Николаев тақвият дод.

Просессҳои тектоникии навтарин бо усулҳои гуногун: геологию геоморфологӣ (таҳлили хусусиятҳои релеф ва сохти геологӣ), геофизикӣ (омӯхтани заминҷунбӣ, сохти қаъри Замин ва ғайра), таъриху археологӣ (истифода бурдани маълумотҳои таърихи оид ба тағйирёбии шароитҳои табиӣ), биогеографӣ (аз сабаби тағйироти шароити муҳит дигаргуншавии ҳайвоноту наботот) ва ғайра омӯхта мешаванд. Солҳои охир дар неотектоника маълумоти суратгириҳои каёҳонӣ васеъ истифода бурда мешавад. Неотектоника бо илмҳои геоморфоло­гия, сейсмология ва геофизика зич алоқаманд аст.

Давраи неотектоникии инкишофи геологии Тоҷикистон нисбат ба давраҳои пешина (мезозою палеоген) марҳилаи нави орогенӣ, яъне кӯҳпайдошавист, ки ба он ниҳоят серҳаракат будани қишри Замин хос аст. Оғози давраи навтарини инкишоф дар ҳамаи территорияҳо як хел нест; он аз замони эосен то охирҳои олигосенро дар бар мегирад. Таҳлили таърихи инкишофи геологии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳаракатҳои орогении навтарин пеш аз ҳама дар қитъҳои баландтарини ҳозира ба амал омадаанд. Дар охирҳои эосен просесси баландшавии кӯҳҳои Помир ва Ҳисору Олой, инчунин қаторкӯҳи Қурамаю кӯҳи Муғул оғоз ёфт. Дар олигосен просессҳои кӯҳпайдошавӣ тамоми территорияи Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд. Дар дав­раи инкишофи неотектоникӣ Тоҷикистон яке аз ноҳияҳои серҳаракаттарини СССР ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар республика ба омӯзиши неотектоника аҳамияти калон медиҳанд.

Дар Институти геологияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон шӯъбаи неотектоника ташкил шудааст, ки он бо омӯзиши хусусият ва қонуниятҳои муҳимтарини марҳилаи нави инкишофи геологии регион машғул аст. Дар масштаби 1: 1000 000 тартиб дода шудани харитаи тектоникаи навтарини Тоҷикистон яке аз комёбиҳои калон аст. Тадқиқотҳои неотектоникӣ барои хоҷагии халқ (ноҳиябандии сейсми­кии республика, ба микрорайонҳо чудо кардани шаҳру посёлкаҳо, ноҳиябандии участкаҳои сохтмони иншоотҳои калони гидротехникию объектҳои саноатӣ — ГЭС-ҳои Норак ва Роғун, заводи алюминии Тоҷикистон) аҳамияти калон доранд. Тадқиқотҳои неотектоникӣ барои ҷустуҷӯи конҳои нефту газ ва пешгӯи намудани заминҷунбӣ низ заруранд. Дар инкишофи неотектоникаи Тоҷикистон И. Е. Губин, С. А. Захаров, Н. П. Костенко, Н. И. Николаев, О. К. Чедия, С. С. Шулс ва дигар ҳиссаи калон гузоштаанд.

Адабиёт: Николаев Н. И., Неотектоника и её выражение в структуре и рел­ефе территории СССР, Москва 1962; Неотек­тоника и сейсмотектоника Таджикиста­на. Душанбе I969; Чедия О. И., Юг Средней Азии в новейшую эпоху горообразова­ния, ҷилди 1—2, Фрунзе, 1971—72; Бабаев А. Москва, Новейший тектогенез зоны сочленения Гиссара-Алая и таджикской деп­рессии. Душанбе, 1975; Вельский В. А., Но­вейшая тектоника зоны сочленения Се­верного Памира и Таджикской депрес­сии, Душанбе, 1978.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …