Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неофашизм

Неофашизм

Неофашизм, мафҳуме, ки ҳаракати рости радикалии ҳозираро ифо­да мекунад. Аъзоёни ҳаракати мазкур аз ҷиҳати сиёсӣ ва ғоявӣ давомдиҳандагони кори ташкилотҳои фашистие мебошанд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—45) пароканда шуда буданд. Қабеҳтарин хусусиятҳои фарқкунандаи ташкилотҳоп Неофашизм антикоммунизм, антисоветизм, миллатчигии ашаддӣ, нажодпарастӣ истифодаи методҳои зӯрӣ, сӯиқасд дар муборизаи сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Неофашистон вобаста ба шароити мавҷуда методҳои демагогии иҷтимоию миллатчигиро истифода меба­ранд.

Оиҳо мекӯшанд, ки қисме аз аҳолии мамлакатҳои капиталистиро, ки дар натиҷаи инкишофи капита­лизм и давлатию монополӣ ва тезутундшавии зиддиятҳои он мавқеи муқаррарии ҷамъиятиашонро аз даст додаанд, зери таъсири худ гиранд. Заминаи иҷтимоию сиёсӣ ва таълимоти Неофашизми мамлакатҳои гуногун аз якдигар фарқ мекунанд. Дараҷаи нуфузи ҳаракат ва идеологияи Неофашизм ба мавқеи қувваҳои сиёсии ҳукмрон, ба самаранокии муборизаи қувваҳои сиёсии ба Неофашизм муқобили ин ё он мамлакати капиталистӣ вобас­та аст. Аз тамоми ташкилотҳои нео­фашисте, ки дар мамлакатҳои ка­питалистии Европа амал мекунанд, сернуфузтаринаш партияи Ҳаракати иҷтимоии Италия — Қувваҳои миллии рост мебошад.

Партияи демок­ратию миллии неофашисте, ки соли 1964 дар Республикаи Федератии Германия таъсис шуда аст, бо вуҷуди аз cap гузаронидани бӯҳрони сахт ҳамчунин дар як қатор районҳои ин мамлакат нуфуз дорад. Ре­жими диктаторӣ омилест, ки фаъолияти гурӯҳҳои Неофашизми европоиро дастгирӣ менамояд. Дар як қатор мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ (Чили, Парагвай ва ғайра) режимҳои диктато­рӣ барқарор шудаанд, ки бо ёрии суиқасдҳо ба муқобили қувваҳои прогрессивӣ мубориза мебаранд. Нео­фашистон иттиҳодияҳои байналхалқии худ — Ҳаракати иҷтимоии Европа (ба ном Интернасионали малмӣ), Партияи миллии Европа, Иттифоқи ҷаҳонии сосиалистони миллӣ ва ғайраро таъсис намуданд. Неофашизм бо вуҷуди он ки нуфузи ночиз до­рад, басо хатарнок аст. Ягонагии тарафдорони демократия ва прог­ресс омили асосии муборизаи муваффақиятнок бар зидди Неофашизм мебошад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …