Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи умумии системаҳо

Назарияи умумии системаҳо

«Назарияи умумии системаҳо», таълимоти махсуси илмӣ ва мантиқию методологиест, ки биоло­ги австриягӣ Л. Берталанфи (1901— 1976) пешниҳод кардааст. Мақсади асосии «Назарияи умумии системаҳо» коркарди мафҳумҳоест, ки барои чун система таҳлил кардани объектҳо имкон медиҳанд. Ба ақидаи Берталанфи «Назарияи умумии системаҳо» бояд он тағйироти ҷиддиеро, ки дар системаи мафҳумҳои илмӣ дар арзи асри 20 ба вуҷуд омадааст, инъикос намояд. Ҷиҳатҳои хоси илми муосир инҳоанд: 1) мавзӯи тадқиқоти илмӣ ташкилот аст; 2) барои ин мавзуъро таҳлил кардан роҳҳои ҳалли проблемаҳоеро ёфтан даркор аст, ки тағйирёбандаҳои бисёре доранд; 3) бар хилофи таъбири механистии табиат олам ҳамчун маҷмӯи соҳаю савияҳои гуногуни воқеият тасвир меёбад, ки алоқаи ботиниашон дар монандии қонунҳои дар онҳо амалкунанда зоҳир мешавад; 4) таълимо­ти редуксионизми физикалистӣ ҷои худро ба ғояи перспективизм медиҳад, ки имконпазир -будани ташаккули илми ягонаро дар заминаи изоморфизми қонунҳои соҳаҳои гуногун талқин мекунад. Душвориҳое, ки дар зимни татбиқи Назарияи умумии системаҳо ба амал омаданд, зарурати боздиди назар кардани як қатор принсипҳои аввалаи онро пеш оварданд. Ин буд, ки солҳои 60 вариантҳои дигари назари­яи системаҳо (М. Месарович, Л. Зода, Р. Акофф ва ғайраҳо) пайдо шуданд, ки аз таълимоти Берталанфи фарқ мекарданд (чи аз ҷиҳати мазмун ва чи шакл, аз ҷумла аз ҷихати истифодаи аппарати математикӣ ва ман­тқӣ).

Охири солҳои 60 — ибтидои 70 худи Берта­ланфи ҳам баъзе нуқтаҳои ақидаи аввалаашро тағйир дода, мафҳумҳои асосии Назарияи умумии системаҳоро дақиқтарар қаламдод кард. Дар тули даҳ соли охир дар роҳи татбиқи амалии «Назарияи умумии системаҳо» иқдоми судбахше анҷом дода шуд (чунончи, дар биология, системотех­ника, забоншиносӣ ва ғайра). Ғояҳое, ки дар « Назарияи умумии системаҳо » баён ёфтаанд, аз тарафи як қатор муҳаққирони советӣ (В. Н. Садовский, М. И. Сетров, К. М. Хайлов, Э. Г. Юдин) инкишоф дода шудаанд.

Ад.: Лекторский В. А., Садов­ский В. Н., О принтсипах исследования систем, «Вопросы философии», I960, 8; Сетров М. И., Значение общей теории систем Л. Берталанфи для биологии, дар кит.: Философские проблемы современ­ной биологии. М.—Л., 1966; Садов­ский В. Н.. Основания общей теории систем. М., 1975.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …