Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наврӯзбеков Азизбек

Наврӯзбеков Азизбек

Наврӯзбеков Азизбек (1897, шаҳри Хоруғ—феврали 1064, ҳамон ҷо), яке аз иштирокчиёни фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Со­вета дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1924. Солҳои 1912—1914 аробакаш, 1914—1918 коргари нақлиёти трамвай дар Тошкент. Соли 1917 Наврӯзбеков ҳамроҳи коргарони роҳи оҳан дар тайёр кардан ва ба вуқӯъ пайвастани Револютсияи Октябр дар Тошкент фаъолона иштирок намуд. Августи 1918 ба сафҳои Армиям Сурх дохил шуда, бар зидди дастаҳои контрреволютсионии А. И. Дутов мубориза бурд. Ноябри 1918 КИМ-и РАСС Туркистон ба Помир Комиссияи ҳайбию сиёсӣ ва отряди иловагӣ фиристод, ки Наврӯзбеков ҳам дар ҳайати ин отряд буд. Солҳои 1919—1924 Наврӯзбеков ҳамчун тарҷумон ва роҳбалад дар байни аҳо­лии Помир оид ба сафарбар намудани муборизони зидди контрреволю­тсия корҳои зиёдеро анҷом дод, 1924—1925 раиси бюрои иттифоқҳои касаба дар Хоруғ, 1925—1926 раиси Совети райёнии вилояти Шуғнон, 1926—1928 мудири шӯъбаи хоҷагии Комитети иҷроияи ВАБК, 1928 ҷонишини комиссари халқии савдои РАСС Тоҷикистон, аз июли 1928 шунавандаи курсҳои Мактаби партиявии Тошкент. Солҳои 1928—1934 дар корҳои савдо ва сардори «Тоҷикторг»-и Хоруғ, 1934—1937 директори курсҳои коркунони Советҳои қишлоқ дар Хоруғ, 1939—1957 боз дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи савдо кор кард.

Ба яке аз кучаҳои шаҳри Хоруғ номи Наврӯзбеков гузошта шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …