Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Навалрам Лакшмирам Пандия

Навалрам Лакшмирам Пандия

Навалрам Лакшмирам Пандия (1836, Сурат —1888), мунаққид, тарҷумон ва шоири ҳинду. Ба гуҷаротӣ менавишт. Аввал муаллим, баъд ношири журнали ҳармоҳаи «Гуҷароти шалапатра» («Журнали мактабии Гуҷарот»). Асосгузори танқиди адабӣ дар Ҳиндустон. Ашъори Навалрам аз оҳангҳои ватандӯстӣ саршор аст;. тасвири табиат яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи ӯст. Драмаи таърихии “Песа дар бораи каҳрамонӣ” (1869) ба гузаштаи пурифтихори Гуҷарот бахшида шудааст. Наварлам дӯсти нависандаи ҳинду Нармадшанкар буд. Асарҳои ӯ «Тарҷумаи ҳоли Нармад­шанкар» ва “ҳаёти шоир” зиндагӣ, фаъолияти эҷодии асосгузори адабиёти муосири Гуҷарот Нармадшанкарро дар бар мегиранд. Навалрам асари Калидаса «Абри қосид», «Ашъори базлагӯи Акбар — Бирбол» ва мазҳакаҳои Молерро ба гуҷаротӣ тар- ҷума кардааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …