Нархи замин, рентаи ба капитал табдилёфтаи замин ё нархи фурӯши он дар шароити капитализм, ки ба моликияти хусусӣ будани замин асос ёфтааст. Замин арзиш надорад. Зеро он самараи меҳнати одам нест. Вале дар ҷамъияти буржуазӣ моликияти хусусӣ будани замин онро ба предмети харидуфурӯш табдил медиҳад. Заминдор заминро фурӯхта ба харидор барои гирифтани рентаи замин ҳуқуқ медиҳад. Дараҷаи нархи қитъаи замин ба бузургии рента, ки соҳиби ин қитъа гирифтааст ва дараҷаи фоизи қарз вобаста аст. Формулаи Нархи замин:
Рента/фоизи банк 100
Дар шароити капитализм Нархи замин меафзояд, чунки дараҷаи фоизи қарз кам шуда, рентаи замин аз сабаби торафт афзудани талабот ба маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва васеъ гардида ни замини кишт зиёд мешавад. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ замин, кн моликияти умумихалқист, харидуфурӯш намешавад.