Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Намоиши осиёӣ

Намоиши осиёӣ

Намоиши осиёӣ ифодаи оммавии авзои ҷамъиятӣ, тантана ё хаш- му ғазаб, талабҳои сиёсӣ, эътироз (юриш, митинг ва ғайра). То ғалабаи сохти сотсиалистӣ — Намоишгоҳ соли аз асри 19 шакли муҳими муборизаи сиёсии синфи коргар мегардад. Муборизаи коргарони Англия барои ислоҳоти интихобот, шӯриши бофандагони Ли­он (1831—1934), ҳаракати чартистҳо, Революстиҳои 1848, Коммунаи Париж (1871) ва ғайра мисоли Намоишгоҳи сиёсии пурзӯртарин буданд. Намоишгоҳи сиёсӣ дар давраи империализм хеле тезу тунд шуда, дар метрополияҳо ва мустамликаҳо ҳамчун воситаи тавонои мубориза барои сотсиализм, воситаи муборизаи зидди империализм, мустамликадорӣ, нажодпарастӣ, афрӯхтани оташи ҷанги империалистӣ ва воситаи ба даст оварданн сулҳ авҷ мегирад.

Дар Россия нахустин намоишҳои сиёсӣ солҳои 60—70 асри 19 ба вуҷуд омадаанд; дар онҳо интеллигентсияи разночин ва баъдтар оммаи торафт зиёди коргарон (масалан, намоишҳои 1876, 1891, 1896, 1901 ва 1902) фаъолона иштирок мекарданд. Намоишгоҳои сиёсӣ ба муносибати ҷашни Якуми Май гузаронида мешуд. Калонтарин намоишҳои сиёсӣ дар рафти се револютсияи рус —Револютсияи 1905—1907, Револютсияи буржуазӣ- демократии феврал ва Револютсияи Каб. Сотсиалистии Октябр (1917) ба вуҷуд омада буданд. Намоиши сиёсӣ 1916 дар Хуҷанд бар зидди сиёсати мардикоргирии ҳукумати подшоҳӣ, баъзе баромадҳои ҷадидҳое, ки ислоҳоти маорифро талаб мекарданд ва дигар ҳаракату муборизаҳои меҳнаткашони Осиёи Миёна шаклҳои муборизаи Сиёсии синфҳои мазлум буданд, ки меҳнаткашон ба воситаи онҳо қаҳру ғазаби худро нисбат ба синфи ҳукмрон ифода менамуданд. Баъди ғалабаи Револютсияи Каб. Сотсиалистии Октябр дар Россия ва револютсияҳои сотсиалистӣ дар як қатор мамлакатҳои Европа ва Осиё характери Намоиши сиёсӣ дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва днигар мамла­катҳои сотсиалистӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва мамлакатҳои сотси­ализм дар рӯзҳои идҳои револютсиионӣ — 1-уми Май, инчунин ҷашни солгарди Револютсияи Октябр ва револютсияҳои халқии сотсиалистӣ намоишхоҳ бузург барпо мешаванд. Онҳо ифодаи тантана, садоқати халқҳо ба сохти сотсиалистӣ, ифодаи дурахшони муваффақияту комёбиҳо мебошанд. Меҳнаткашони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва дигар мамла­катҳои сотсиалистӣ ба воситаи намоишҳои пурзӯр қаҳру ғазаб ва эътирози худро бар зидди фитнагариҳои империализми байналхалқӣ изҳор мекарданд ва изҳор менамоянд ва барои сулҳ, демократия ва сотсиализм мубориза мебаранд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …