Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Налский Яков Исаакович

Налский Яков Исаакович

Налский Яков Исаакович (таваллудаш 23. 08. 1913, деҳаи Хлестановшина, вилояти Иркутск), фолклоршинос ва журналисти советӣ.

Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1949 Ин­ститути давлатии педа­гогии Душанберо хатм кард. Иш­тирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Дар газетаи «Коммунист Тад­жикистана» вазифаҳои гуногунро иҷро кардааст. Аз соли 1958 мухбири ТоҷикТА. Афсонаҳои халқии тоҷикро ҷамъ оварда, ба шак- ли китобчаҳои алоҳида барои нашр ҳозир намуд (1941, 1950, 1951). Муаллифи рисолаи «Шоири халқӣ» (1956, дар бораи Бобоюнус Худойдодзода), повести ҳуҷҷатии «Инженер» (I960), китоби «Ҳикояҳо дар бораи Тоҷикис­тон»  (1968), повести ҳуҷҷатии «Дар кӯҳҳои Бухорои Шарқӣ» (кит. якум, 1974, кит. дуюм 1977; аз рӯи ин асар филми телевизионӣ «Хонадонатон дар амон бод» таҳия гардида, соли 1982 намоиш дода шуд) ва повести «Қиссаи водии ҷанубӣ» (1981) мебошад. Якчанд очеркҳояш дар шакли кито­би алоҳида ва дар маҷмӯаҳо ба табъ расидаанд. Аз соли 1958 узви ИН ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олин РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …