Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нахимов Павел Степанович

Нахимов Павел Степанович

Нахимов Павел Степанович (5. 7. 1802, ҳозира деҳаи Нахимови райони Андрееви вилояти Смоленск —12. 7.1855, Севасто­пол), лашкаркаши флоти рус, ад­мирал (1855). Яке аз роҳбарони мудофиаи Севасто­пол (1854—55).

Аз оилаи офисер. Корпуси кадетии баҳриро хатм намуда (1818), дар флоти Балтика хизмат кардааст. Солҳои 1822—25 бо фрегати «Крейсер» ба гирди ҷаҳон саёҳат кард. Соли 1827 дар муҳорибаи Наваринск фармондеҳи батареяи киштии линкори «Азов» буд. Нахимов соли 1834 дар баҳри сиёҳ командири линкори «Силистрия», сипас (1845) командири бригадаи киштиҳо ва  1852 сардори дивизиаи флот таъин шуд. Дар аввалҳои ҷанги Крим (1853—56) ба эскадриляи русҳо роҳбарӣ намуда, соли 1853 дар ҷанги Синоп эскадриляи туркҳоро торумор кард. Аз 5 октябри 1854 Нахимов роҳ­бари мудофиаи Севастопол. Феврали 1855 командири бандар ва губернатори ҳарбии Севастопол таъир гардид. 10 июли 1855 ҳангоми азназар- гузаронии мавқеъҳо сахт маҷрӯҳ гардида ҳалок шуд. Нахимов арбоби барҷастаи ҳарбӣ буда, дар инкишофи санъати ҳарбии баҳрии рус саҳми бузург гузоштааст. Президиуми Совети Олии СССР бо укази худ аз 3 марти 1944 ба шарафи Нахимов ордени На­химов (дараҷаҳои 1 ва 2) ва медали Нахимов таъсис кардааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …