Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нагибин Яков Дмитриевич

Нагибин Яков Дмитриевич

Нагибин Яков Дмитриевич (таваллудаш 6. 10. 1898, деҳаи Сергиополски вилояти Семиреченск, ҳозира pайони Аяузи вилояти Семипалатин­ски РСС Қазоқистон), агроном-селексио­нер, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1944), профессор (1944). Солиӣ1925 Университети давла­тии Осиёи Миёнаро хатм кард. Солҳои 1925—1929       ходими илмӣ, мудири шуъба, директор оид ба корҳои илмии Стансияи марказии селексионӣ (ҳоло Институти селексияи пахта ва тухмипарварии ба номи Г. С. Зайтсев) ва муаллими Институти хоҷагии қишлоқи Тошкент, 1930—1952 мудири кафедраи селекксия ва тухмипарварии институти номбурда, 1952—1954 мудири кафедраи пахтако­рӣ ва селексияи Институти хоҷагии қишлоқи ба номи В. В. Куйбишеви Самарқанд, 1954—1956 сардори шӯъбаи пахтакорӣ, 1956—1974 мудири кафедраи пахтако­рӣ ва селексияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ва аз 1975 ходими илмии Институ­ти умумииттифоқии тадқиқоти илмии истифодаи оби равон дар хоҷагии қишлоқи Москва. Нагибин дар соҳаи гуногуни биология, генетика, селексия ва тухмипарварӣ, инчунин агротехникаи пах­та тадқиқоти илмӣ бурда аст. Бо шогирдон ва ҳамкороии худ навъҳои пахтаи серҳосилу хушсифати 8196 20042, 2034, 2017-ро ба вуҷуд овард. 130 асари илмӣ нашр кардааст. Аъзои сексияи пахтакории Шӯъбаи осиёимиёнагии ВАСХНИЛ. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Усулҳои парвариши пахта дар Тоҷикистон, Д., 1964 (хаммуалл. бо Р. Маҳмудов); Новые сорта хлопчатника для Гиссарской долины, «Хлопководст­во». 1962, М 7 (хаммуалл. бо Я. Ҳайдаров); Развитие хлопководства в Таджик­ской ССР, Д., I960 (хаммуалл. бо Kpeйдик В. М.).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …