Маълумоти охирин

Нагасаки

Нагасаки, шащр, бандари калони тиыоратию пассажирии Япония, дар қисми ғарбии ҷазираи Кюсю. Мар­кази маъмурии префектураи Нага­саки. Аҳолиаш 448 ҳазор нафар (1975). Маркази калони киштисозӣ ва таъмири он. Баробари мошиисозӣ, саноати хӯрокворӣ (аз ҷумла моҳию консерв), металлургия, бофандагӣ, нефту химия, чӯббурӣ низ ривоҷ ёфтааст. Анбори нефт, заводи газ дорад. Нагасаки— базаи флоти моҳигирӣ. Дар Нагасаки университет, музеи тиҷорату саноат мавҷуд аст. Аз ёдгориҳои меъморӣ ибодатхонаи Сува (асри 16), ансамблҳои маъбади буддоии Софукудан ва Кофукудзи (асри 17), купруки Меганэбаси (1634), як қатор калисоҳои католики (асрҳои 19—20) боқӣ мондаанд. Баъди соли 1945 боғи Сулҳ якҷоя бо бинои Марказӣ байналхалқии маданӣ ва муҷассамаи Сулҳ сохта шуданд.

Нагасаки дар асри 12 бунёд ёфтааст. Асрҳои 17—19 Нагасаки бандари ягонае буд, ки ба воситаи он Япония бо мамлакатҳои хориҷӣ алоқаи тиҷоратӣ дошт. Аз охири асри 19 ба маркази киштисозии ҳарбӣ табдил ёфт. 9 авг. 1945 авиатсияи Америка ба Номи бом­баи атомӣ партофт, ки аз таркиши он ⅓ қисми шаҳр хароб ва қариб 75 ҳазор нафар аҳолӣ ҳалоку ярадор гардид. Баъд аз ҷанг Нагасаки аз нав обод шуд. Аз 1956 инҷониб дар Нагасаки якчанд бор конференсияҳои байналхалқӣ оид ба манъи яроқҳои атомию водородӣ шуда гузаштанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …