Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нaбӣ Фахрӣ

Нaбӣ Фахрӣ

Нaбӣ Фахриев (1907, шаҳри Конибодом —1942, шаҳри Ӯш), аз аввалин журналистони тоҷик. Аз оилаи нонвой. Аъзои КПСС аз соли 1930. Соли 1924 ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкент дохил шуд. Соли 1927 дар зодгоҳаш муаллими забон ва адабиёт буд. Дар газетаи «Овози тоҷик» ва журнали «Мулло Мушфиқи» мақолаву очерк, ва фелетонҳои Набӣ Фахрӣ мунтазам дарҷ меёфтанд. Аз соли 1929 пурра ба кори журналистӣ гузашт. Дар газетаҳои «Овози тоҷик» (1929—1931), «Болшевики Конибодом» (1932—1935) ва «Тоҷикистони сурх» (1936—1942) дар вазифаҳои гуногун кор кард. Соли 1931 дар панҷ шумораи «Овоаи тоҷик» силсилаи мақолаҳои ӯ таҳти унвони «Сабзаи навхез» чоп шуд, ки муаллиф ба маҷмӯаи коллективии аввалин шоирони советии тоҷик баҳо додааст. Ӯ дар съеадҳои 1-ум ва 2-юми мухбирони коргару деҳқони республика ва дар аввалин съезди адибони тоҷик вакил буд. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олил РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст (1940).

 

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …