Маълумоти охирин

МЁЛЕЖ

melyojМЁЛЕЖ Иван Павлович (таваллуд 8. 2. 1921, деҳаи Глмнише, вилояти Гомель—1970, Минск), нависандаи советии белорус, Нависандаи халқии РССБ (1972). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Университети давлатии Белоруссияро хатм кардааст (1945). Асарҳояш аз соли 1939 чоп мешаваяд. Нахустин хикояҳои ӯ (маҷм. «Дар бӯрон», 1946), романи «Самти Минск» (кит. 1—3, 1949—52) ва ёддоштҳои фронтии «Дар ибтидои ҷанг» (1969) ба муҳорибаҳо барои озод кардани Белоруссия бахшида шудаанд. Муаллифи як силсила ҳикояву очерк ва пьесаҳо. Романҳои машҳури Меланома— «Одамон дар ботлоқ» (1961) ва «Нафаси раъду барқ» 1965; Мукофоти ленинӣ, 1972) дар бораи азнавсозии инқилобии деҳаи патриархалии белорус ва ташаккули шуури иҷтимоию сиёсии мардуми он ҳикоят мекунанд. Баъзе ҳикояҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Узви Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ (1970). Ҷонишини раиси Правленияи ИН Белоруссия (1966). Бо 4 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.; Свидание за городом. Маленькие повести и рассказы, М.— Л., 1966.

Ад.: Кулешов Ф., Иван Мележ. Очерк творчества, М., 1971.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …