Маълумоти охирин

МУЗҲАБ

personМУЗҲАБ      (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 18 тоҷик. Аслу насабаш маълум нест. Музҳаб соҳибдевон бошад ҳам, девони ӯ то ҳол дар феҳристи ягон китобхонани ҷахон зикр нашудааст. Шоир ду маснавӣ дорад: «Шоҳу Гадо» (дар пайравии маснавии Ҳилолӣ), «Лайлӣ ва Маҷнун» (давоми «Лайли ва Маҷнун»-и Мулҳами Бухороӣ, ки ба он се боби нав илова кардааст). Ашъори Музҳаб аз образҳои конкрету аёнӣ, ташбеҳу истиороти рангии саршор аст. Шоир аз давру муҳити зиндагиаш бисёр шикоятҳо дорад:

Нест бе таъсир дар гулшан дили ношоди мо.

Нолаи булбул шавад бӯи гулу фарёди мо.

Ашкам тамом шуд, намаки чашми тар намонд,

Тӯфони гиря дар садафи ман гуҳар намонд.

Адабиёт: Каримов У., Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XVIII аввали асри XIX, Душанбе. 1971.

У. Каримов,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …