Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД

МУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД

muzey-lelinobodМУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД. июли 1931 дар шаҳри Ленинобод бо қарори бюрои Комитети партиявии уездию шаҳрии Хуҷанд таъсис ёф­тааст. Музей дорои 3 шуъба буда. дар онҳо зиёда аз 13 ҳазор (4979) экспо­нат мавчуд аст. Шуъбаи табиат бо олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, иқлими районҳои шимолии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон шинос мекунад. Шуъбаи таърихи тоинқилобӣ аз ёдгориҳои асри санг ва биринҷӣ фаровон бу­да, дар бораи муборизаи мардуми озодидӯсти Осиёи Миёна бар зидди истнлогарони араб, даврахои Сомониён, салтанати Темур, Шайбониён, маданияти асрҳои 9—19 ва аввали асри 20. Шӯриши соли 1916 ва фаъолияти револютсионии мардуми Хуҷанд маълумот медиҳад.

‘Экспонатҳои шуъбаи баъдиинқилобӣ давраи барқароршавии Ҳоки- мияти Советиро дар Тоҷикистони Шимолӣ, ғалабаи сотсиализм, ишти­роки фарзандони халқи тоҷикро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), комёбиҳои вилояти Ленинободро дар давраи баъди чанг ва ғайраро дар бар мегирад. Музей дар Ӯротеппа филиал дорад. Музей ҳамчун ганҷинаи мада­нияти бои халқ, намоншгоҳи осори атиқа ва санъати меъморми халқи тоҷик дар тарбияи ғоявию эстстикии меҳнаткашон мақоми муҳим до­рад.

Ҳ. Ҳамроев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …