Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ЕДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ

МУЗЕИ ЕДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ

museum_sadridina_ayniМУЗЕИ ЕДГОРИИ САДРИДДИН АЙНӢ дар Самарқанд, хона-музеи Садриддин Айнӣ, ки бо қарори Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (аз 16 июни 1964) дар қавлии устод дар шаҳри Самарқанд таъсис ёфтааст. Нависанда солҳои 1923—1953 дар он ҷо зиндагӣ ва кор кардааст. Расми кушоди Музей ба пешвози ҷашни 90-солагии устод Айнӣ 19 май 1967 барпо гашта буд. Ба муносибати ҷашни 100-солагии нави­санда Музей аз нав таъмир ёфт ва дар назди ҳавлӣ муҷассамаи мармарии ӯ гузошта шуд. Экспозисияи Музей аз ҳафт шуъба иборат аст, ки онҳо дар бораи зиндагӣ, роҳи эҷодӣ ва (фаъолияти илмиву маърифатпарварии устод дар Самарканд аз соли 1909 то 1953 ҳикоя мекунанд. Устод Айнӣ дар ин хона асарҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Ятим», «Исёни Муканнаъ», «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Ёддоштҳо»-ро таълиф намудааст. Дар байни хонаҳои устод Айнӣ хонаи истироҳатии ӯ бо ороиши шарқии худ фарқ карда меистад ва дар худ яке аз беҳтарин намунаҳои санъати архитектураи асри 19 ва аввали асри 20-ро таҷассум кардааст. Дар музей чизҳои шахсии устод Айнӣ (либос, ка­ти хоб, палос, мизи кор, қаламу коғаз, телефон ва ғайра) ба намоиш гу­зошта шудаанд,      А. Ҳақбердиев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …