Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУВОЗИНАТИ СТАТИСТӢ

МУВОЗИНАТИ СТАТИСТӢ

balansi-statikiМУВОЗИНАТИ СТАТИСТӢ, ҳолати системаи статистии сарбастаеро гӯянд, ки дар он қимати миёнаи ҳамаи бузургиҳои физикии ҳолати мазкурро тавсифдиҳанда ба вақт вобаста нестанд. Мувозинати статистӣ яке аз мафҳумҳои асосии физикаи статистист. Ба маънои механикиаш Мувозинати статистӣ мувозинат нест, чунки дар ин маврид ҳам дар система флуктуацияҳои хурд ҷой дорад. Назарияи Мувозинати статистиро физикаи статистӣ меомӯзад (бо ёрии тақсимоти Гиббс ном методи математикӣ).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …