Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУВОЗИНА

МУВОЗИНА

muvozinatМУВОЗИНА, Мувозана (ар.—   ҳамвазнӣ, баробарвазнӣ), аз санъатҳои лафзии шеъри классикии форс-тоҷик буда, ба санъати тарсеъ монандӣ дорад. Дар санъати Мувозана калимаҳо дар байт муқобили ҳам омада, ҳамвазну баробарҳарф мешаванд, вале аз ҷиҳати қофия, хусусан ҳарфи равӣ, ки унсури асосии қофия аст, мухолифи якдигаранд:

Рӯзу шаб маҳрами ту килку давот,

Солу маҳ муниси ту рахлу китоб.

(Анварӣ}.

Дар ин байт калимаҳои «рӯз» бо «сол», «шаб» бо «маҳ», «маҳрам» бо «мунис», «килк» бо «рахл» (лавҳ) ва «давот» бо «китоб», ки муқобили ҳамдигар воқеъ гардидаанд, аз рӯи вазну миқдори ҳарфҳо ба якдигар мувофиқати том доранд, вале шарти қофия дар онҳо риоя нашудааст. Санъати Мувозанаро гоҳо мутавозин ва мукорина (ба якдигар қарин шудан) низ мегӯянд. Аксари муаллифон санъати Мувозанаро асосан хоси назм донистаанд. Вале тадқиқоти солҳои охир нишон медиҳад, ки Мувозана дар осори насри классикии форс-тоҷик низ дучор меояд ва дар илми бадеъ ҳам чун навъи сеюми насри мусаҷҷаъ — саҷъи мутавозин ёдоварӣ мешавад.

Ад.: Мусулмоиқулов Р., Саҷъ ва сайри таърихии он дар насри тоҷик, Д., 1970; Атоулло Ҳусайнӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974; 3еҳнӣ Т., Санъати сухан, Д., 1979.

С. Имронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …