Маълумоти охирин

МУВАШШАҲ

МУВАШШАҲ (ар. — ороста, зиннат додашуда), 1) шеърест ба шакли рубоӣ, қасида, ғазал ва ғ., ки агар калимаҳои аввалу миёнаи мисраъ ё абьёти он ҷамъ карда шавад, номи шахсе аз он мебарояд. Мас.:

Маъшуқа дилам ба тири андӯҳ бибаст,

Ҳайрон шудаму касе намегирад даст.

Мискин тани ман зи пои меҳнат шуда паст,

Дасти ғами дӯст пушти сабрам бинишаст.

Агар сарҳарфи мисраъҳои ин порчаро ҷамъ кунем, мувофиқи навишти арабӣ номи Муҳаммад ҳосил мешавад. 2) қасидаеро низ Мувашшаҳ гӯянд, ки қисм ё рукнҳои ҷудогонаи байтҳои он як ҷо ҷамъ оварда шавад, боз як қасида, қитъа ё рубоӣ дар байти дигар бармеояд:

Беш аз андозаи ин тоифа бар банда гузашт,

Ҷуди ту бори гарон з-он ду кафи гавҳарбор.

Дигаронанд чу ман бандаву ман банда зи шукр,

Оҷизам чун дигарон в-аз хиҷилӣ гашта фигор.

Аҷз як су неҳу ангор, ки кардастам ҷурм,

Сӯи афват нигарон мондаву дил бар тимор.

Ту худовандӣ, эҳсон куну ин ҷурм ба фазл,

3-ин раҳи даргузарон, з-он-к тӯй ҷурмгузор…

Фикраҳои бо фарохчинӣ чопшудаи ин қасидаро ҷамъ кунем, ин ду байт ҳосил мешавад:

Вар банда гузашт ҷуди ту бори гарон,

Ман банда зи шукр оҷизам чун дигарон.

Кардастам ҷурм, сӯи афват нигарон,

Ин ҷурм ба фазл з-ин раҳи даргузарон.

Ад.: 3еҳнӣ Т., Санъати сухан, Д., 1979.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …