Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ

МУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ

materializmМУТТАСИЛӢ ВА МУНФАСИЛӢ (аз арабӣ муттасил ва-ҷудошуда), категорияҳои фалсафианд, ки сохти материя ва рафти инкишофи онро тавсиф мекунанд. Муттасилӣ дар ягонагӣ, алоқамандӣ ва вобастагии мутақобили унсурҳои ин ё он система зоҳир мешавад. Дар ҷараёни инкишоф муттасилӣ имконияти аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани объектро нишон медиҳад. Мунфасилӣ сохт ва ҳолати дискретии материя (сайёраҳо, ҷисмҳо, кристаллҳо, молекулаҳо, атомҳо, ядроҳо ва ғайра) ва дараҷаи тафриқаи онро дар шакли унсурҳои алоҳидаи системаҳои гуногун ифода мекунад. Мунфасилӣ барои илова, инчунин иваз ва ивази мутақобили қисмҳои алоҳидаи система имкон медиҳад.

 Ягона Муттасилӣ ва мунфасилӣ тавсифи ҷараёни инкишофи ҳодисаҳо мебошад. Муттасилӣ инкишофи система, устувории нисбӣ, ҳудуди андозаи муайян ва мунфасилӣ гузаштани системаро аз як сифат ба сифати нав ифода мекунад. Материализми метафизикӣ дар асоси механикаи классикӣ Муттасилӣ ва мунфасилиро аз якдигар ҷудо, муфрад таҳлил менамояд. Механикаи классикӣ бошад робитаи навъҳои материя (модда ва майдони физики)-ро аз эътибор соқит карда, макону замонро мутлақ ва аз ҳам ҷудо пиндошта, муттасилиро ба мавҷҳо, аз ҷумла ба мавҷҳои рушноӣ, мунфасилиро ба модда нисбат медод. Материализми диалектикӣ дар асоси кашфиёти ил-мии охири асри 19— аввали асри 20 (кашфи ҳодисаи радиоактивӣ, назарияҳои квантӣ ва нисбият, кашфи зарраҳои «элементарӣ») таъкид менамояд, ки Муттасилӣ ва мунфасилиро дар ягонагӣ ва робитаи мутақобили онҳо таҳлил кардан лозим аст. Моҳият ва тазоди ҳаракат низ дар робитаи мутақобили категорияҳои Муттасилӣ ва мунфасилӣ ошкор мегардад. Ҳаракат ҳамчун ягонагии Муттасилӣ ва мунфасилӣ тағйири ҳолат ва мавқеи ҷисмҳоро дар замону макон ифода мекунад.

Адабиёт: Асосхои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ. Душанбе. 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …