Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСРЕПОВ Габит Махмудович

МУСРЕПОВ Габит Махмудович

musrepov-gabitМУСРЕПОВ Габит Махмудович (таваллуд 22. 3. 1902, вилояти Қустанаи Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон), нависанда ва ҳодими ҷамъиятии қазоқ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (1958). Аз оилаи деҳқон. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1926. Дар Институти хоҷагии қишлоқи Омск таҳсил кардааст (1926—27). Асарҳояш аз соли 1926 чоп мешаванд. Повести авалини Мусрепов «Гирдоб» (1928) дар бораи воқеаҳои Ҷанги гражданӣ (1918—20) ҳикоят мекунад. Ҳикоя-ҳои «Ҳамсояҳо аз хонаи кабуд» (1929), «Туннель» (1930) ва ғайра, повести «Қадамҳои аввалин» (1932) муборизаи синфӣ ва тавлиди ҳаёти колхозиро дар овули қазоқ инъикос кардаанд. Мусрепов соли 1934 силсилаи новеллаҳои «Қаҳрамонии модар»-ро чоп намудааст. Романи «Сарбозе аа Қазоқистон* (1949) дар хусуси корнамоиҳои одамони советӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, романи «Кишвари бедоршуда» (1953) ҷараёни ташаккули синфи коргари қазоқро дар Қарағандаи тореволютсионй нишон медихад. Мусрепов муаллифи повести «Як маротиба дар тамоми умр» (1967; Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон ба номи Абай Қунанбоев, 1968), асарҳои драмавӣ, ҳикояҳо ва достони мансури «Шахсе, ки вонахӯрда рафт» (1970). Раиси Правленияи ИН Қазоқистон (1956—62 ва 1964—66) буд. Депутати Советӣ Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (даъвати 5). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …