Маълумоти охирин

МУСИҚИИ РАҚСӢ

musikii-raksiМУСИҚИИ РАҚСӢ, як навъи мусиқист, ки барои рақс таъин шуда, характер, ритм ва суръати ҳаракатро ифода мекунад. Мусиқии қадимӣ буда, оҳангҳои он дорои ритмҳои гуногунанд. Мусиқии рақсӣ қисми таркибии мусиқии сабук буда, асосан тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мегардад. Дар байни халқ барон жанрҳои вокалӣ ҳам рақсҳо мавҷуданд (масалан, дар байни тоҷикону узбекҳо лапар, ялла, бадеҳа ва ғайра), ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ ё бе он иҷро мешаванд. Дар байни халқ (асосан дар Шарқ) асбобҳои мусиқии зарби (дойра, нағора, таблак ва ғайра) вуҷуд доранд, ки ба мусиқӣ ҷӯр шуда, Мусиқии рақсиро сермазмуну фараҳангез менамоянд. Дар рақсҳои пантомимии мусиқӣ Мусиқии рақсӣ характери тасвирӣ дорад, ки он алалхусус дар намоишҳои театра (балет) равшан ба назар мерасад. Мусиқии pақсии консертӣ (барои валс, полонез, мазурка) дар ҷаз низ маъмул аст. Усулу оҳангҳои рақсии халқӣ дар қатори дигар намунаҳои мусиқии фолклорӣ манбаи асосии инкишофи ритм, интонасия ва умуман мусиқии миллӣ-профессионалӣ (бисёровоза) ба шумор меравад. Ритмҳои Мусиқии рақсӣ барои ташаккули симфонияҳои классикӣ (масалан, симфонияи 7-уми Л. Бетховен), соната, жанрҳои вокалӣ ва инструменталӣ, драмаи мусиқӣ ва ғайра таъсир намудааст. Аксари сюитаҳо аз оҳангҳое, ки характери Мусиқии рақсиро доранд, офарида мешаванд. Яке аз қисмҳои таркибии сонатаи сикли дар асоси оҳанги рақсӣ (усули муайяни рақс) эҷод мегардад. Мусиқии рақсӣ инчунин дар мусиқии программавӣ мавқеи намоён дорад. Бастакорони советӣ анъанаҳои беҳтарини бастакорони классикиро идома дода, барои Мусиқии рақсӣ асарҳои пурмазмуну баландғоя офаридаанд. Аз ҷумла, бастакорони тоҷик дар сюита, кантата, оратория, онера, драмаи мусиқӣ ва асарҳои созию овозиашон аз имкониятҳои Мусиқии рақсӣ баҳраманд шудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …