Маълумоти охирин

МУСИҚИИ КИНО

musikii-kinoМУСИҚИИ КИНО, жанри махсуси мусиқист дар кинематография. Дар ибтидои пайдоиши кино мусиқӣ бо мақсади фурӯ нишондани садои аппарати кино истифода мешуд. Баробари ба вуҷуд омадани кинои овоздор мусиқӣ яке аз ҷузъҳои асосии кинодраматургия гардид. Мусиқӣ дар филмҳои таърихӣ-тарчумаиҳолӣ (аз ҳаёти бастакорон, дирижёрон, сарояндагон), кинокомедияҳои мусиқӣ, филмҳои мултипликасионӣ, инчунин дар киноконсерт, киноопера ва филмҳои хореографӣ мавқеи калон дорад. Мусиқии кино дар пайвасти сюжет ёрӣ расонда, барои пурратар ифода намудани ҳолатҳои рӯҳии қаҳрамонон, лаҳзаҳои драмавӣ, зиддиятҳо ва ғайра хизмат мекунад. Мусиқии кино дар эҷодиёти бастакорони советӣ С. Прокофев, Д. Шостакович, И. Дунаевский, Т. Хренников, А. Хачатурян, Н. Крюков мавқеи намоён драд. Дар Тоҷикистон аввалин филми мусиқӣ соли 1943 («Консерти тоҷики», бастакор С. Баласанян) ба навор гирифта шудааст. Филма «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1956, бастакор А. Бобоев) низ филми мусиқист. Киностудияи «Тоҷикфилм» якчанд филм-балетро низ ба навор гирифт, ки дар байни онхо балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (мусиқии С. Баласанян) ва фильми «Адажио» (дар иҷрои Малика Собирова; режиссёр Л. Кимёгарова) машҳур аст. Бастакорони тоҷик Ш. Сайфиддинов, 3. Шаҳидӣ, А. Одинаев, С. Ҳамроев ва Т. Шадидй дар офариниши Мусиқии кино хизмат кардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …