Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШТАРӢ

МУШТАРӢ

jupiterМУШТАРӢ (ар. лотинӣ Jupiter), Бирҷис, Ҳурмуз (g), панҷумин (аз рӯи масофа то Офтоб) ва калонтарин сайёраи системаи Офтоб. Аломати астрономиаш.^ .

Дар атрофи Офтоб дар масофаи андаряк 5,203 в. а. (778 миллион километр) ҳаракат мекунад. Экссентриситети мадори Муштарӣ 0,048 буда, ҳамвории мадораш ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 1,3° моил аст. Муштарӣ бо суръати миёнаи 13,06 километр/сония ҳаракат карда, дар давоми 11,862 сол як маротиба атрофи Офтобро пурра давр мезанад. Даври гардиши миёнаи синодии Муштарӣ ба 399 шаборӯз баробар аст. Муштарӣ дар давоми 12 сол гунбади осмонро қад-қади эклиптика давр мезанад ва ҳангомн муқобала ҳамчун ситораи зардчатоби қадри ситоравии зоҳириаш — 2,6 намоён аст; дар вақти муқобалаи бузург дурахши он танҳо аз дурахши Зӯҳраву Миррих камтар мебошад.

Қурси намоёни Муштарӣ шакли эллипсро дорад, ки тирҳои он ҳангоми муқобалаи миёна таҳти кунҷҳои 46,5″ ва 43,7″ намоёнанд. Албедои зоҳирии Муштарӣ 0,67 мебошад. Диаметри акватории он ба 142600 километр, диаметри қутбиаш 134140 километр аст. Ҳаҷми Муштарӣ аз ҳаҷми Замин 1315 маротиба, массааш 318 маротиба зиёд аст. Массаи Муштарӣ 1; 1047,39 ҳиссаи Офтобро ташкил медиҳад. Зичии миёнаи Муштарӣ (1,33 грамм/сантикметр5) аз зичии миёнаи Офтоб кам фарқ мекунад. Тезшавии озодафтӣ дар қутби Муштарӣ 27,90 метр/сония, дар экватори он 25,90 метр/сония мебошад. Маълумотҳои пешинаи астрономӣ дар бораи Муштарӣ ва радифҳои он бо натиҷаҳои ченкунӣ ва мушодидаҳое, ки стансияҳои автоматии байнисайёравии (САБ) америкоӣ «Пионер-10» (1973) ва «Пионер-11» (1974) гузарондаанд, хеле саҳеҳ ва пурра гардиданд. Стансияҳои автоматии байнисайёравии САБ-ҳои америкоӣ «Вояҷер-l ва 2» ба сӯи Муштарӣ парвоз намуда, ба он хеле наздик шуданд (350 ҳазор километр аз маркази сайёра) ва дар атмосфераи Муштарӣ фаҷри қӯтбӣ, барқро ба қайд гирифтанд.

Разрядҳои пуриқтидори электрӣ имконияти аз гидроген, метан, аммиак ва оби атмосфераи Муштарӣ ҳосил шудани молекулаҳои мураккабро муҳайё месозанд. Чунин молекулаҳо асоси пайдоиши ҳаёт шуда метавонанд.

Сатҳи мушоҳидашавандаи Муштарӣ аз абрҳо ва дигар ташкилаҳои атмосферӣ иборат буда, бо тасмаҳои сершумори тираю равшан пӯшида шудааст, ки тобиш ва сохти гуногун доранд. Миқдори гармие, ки аз Офтоб ба воҳиди масоҳати Муштарӣ рост меояд 51,0 Ватт/метрро ташкил медиҳад (аз миқдори гармии ба воҳиди масоҳати Замин оянда 27 маротиба кам). Ин гармӣ сатҳи Муштариро то —163* Селсия гарм карда метавонад. Аммо андозагириҳои бевоситае, ки ҳам бо таҷҳизоти рӯизаминӣ ва ҳам бо ёрии зондҳои кайҳонӣ гузаронда дар айни шудаанд, нишон медиҳанд, ки дар сатҳи Муштарӣ ҳарорат ба — 128° Селсия (аз рӯи ченкуниҳои афканишоти инфрасурх) ва ҳатто ба — 103° Селсия (аз рӯи ченкуниҳои радиодиапазони сантиметрӣ) мерасад. Баландтарин ҳарорате, ки дар яке аз доғҳои тираи назди экватор ба қайд гирифта шудааст —37° Селсия мебошад. Сабаби ин гуна ҳарорат эҳтимол фақат он сели гармие бошад, ки аз қишри сайёра берун омада, нисбат ба сели гармии Офтоб 2 маротиба зиёд аст. Таркиби химиявии атмосфераи Муштариро бо усули спектроскопӣ муайян мекунанд. Дар атмосфераи Муштарӣ метан (СН<), аммиак (NH3), гидроген (На), буғи об (Н30), молекулаҳои асетилен (С2Н3),этан (С2Н6), фосфин (РНэ) ва оксиди карбон (СО) ошкор карда шудаанд.

Дар бораи сохти Муштарӣ якчанд ақидаҳое мавҷуданд, ки ба тасаввуротҳои гуногун доир ба таркиби химиявии он асос ёфтаанд. Аз сабаби дар Муштарӣ калон будани қувваи вазнинӣ фишори газҳо дар қаъри сайёра то рафт меафзояд ва дар масофаи 10 ҳазор километр аз саҳди сайёра фишор чунон зиёд мешавад, ки гази таркиби Муштарӣ (гидроген) аз ҳолати муқаррарии молекулавӣ ба ҳолати металлӣ мегузарад. Баробари ба маркази сайёра наздик шудан ҳарорат афзуда, гидрогени металлӣ гудохта мешавад (ҳарорат дар наздикии маркази Муштарӣ бештар аз 18000Р Селсия, фишор ба 100 миллион атмосфера ва зичӣ ба 20—30 грамм/сантиметр баробар аст). Баъ-зан тахмин мекунанд, ки дар сатҳи ҳарораташ нисбатан пасти Муштарӣ қа-бати ғафси ях (Н20) мавчуд аст. Майдони магнитии Муштарӣ аз рӯи радио-афканишоте, ки махсусан дар диапазони десиметрӣ ва декаметрӣ пурзӯр аст, ошкор мешавад. Ҳамаги 16-то радифҳои Муштарӣ маълуманд, ки дар солҳои гуногун кашф карда шудаанд (дар қавсайн радиуси онҳо бо километр ва қаҳри ситоравии зоҳириашон ҳангоми муқобала аз рӯи мушоҳидаҳои соли 1979 дода шудаанд): 1 — Ио (1820; 4,9); 2—Европа (1530; 5,3); 3—Ганимед (2610; 4,6); 4 —Калисто (2450; 5,6); 5—Амалтея (120; 13); 6—Гамалия ( — 80; 14,2); 7—Элара ( — 50; 17); 8 —Пасифея (—.12; 18); 9—Синопа (-10; 18,6); 10—Лизифоя (-8; 18,8); 11—Карма (-9; 18,6); 12—Ананке (~8; 18,7); 13 —Леда (-5; 20); 14 — 1979 т 1 ( — 13; номаълум); 15—1979 т 2 (мадораш дар байни мадорҳои Амалтея ва Ио воқест); 16 — 1979 т 3 (~20; номаълум).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …