Маълумоти охирин

МУШОИРА

mushoiraМУШОИРА, м у ш о а р а (арабӣ — мусобиқаи шоирон дар шеъргӯӣ), қувваозмоӣ дар маҳорати шоирӣ, ки байни ду ё чанд шоир воқеъ мешавад. Мушоира дар адабиёти тореволютсионии тоҷик ривоҷ дошт. Чунончи, Мушоираи Дақиқию Фирдавсию Унсурию Асҷадӣ, Салмони Соваҷию Убайди Зоконӣ, Масъуди Саъди Салмону Рашидии Самарқандӣ, Асируддини Ах-секатию Ҳоқонии Шервонӣ дар таърихи адабиёт машхур аст. Мушоира шакл ва навъҳои мухталиф дорад. Масалан мавзӯи муайянро асоси Мушоира қарор дода, дар кас оид ба он мавзӯъ чанд байт месарояд. Навъи дигари Мушоира он аст, ки шеъре бо вазн ва қофияи муайяне гуфта мешавад ва ҳарифон дар ҳамон вазну қофия чанд байт мегӯянд. Ҷавобҳои сари вақт ва эътирозро ҳам, агар манзум бошад, Мушоира медонанд. Бадеҳатан шеър гуфтани чанд шоир ба ҷавоби байте аз шоирони бузург низ як навъи Мушоира аст. Дар «Тазкират-уш-шуарои-н Мӯҳтарам (Душанбе, 1975) Мушоирае зикр ёфтааст, ки дар он якчанд шоиру шеърдӯстон дар маҷлиси Шарифҷон-маҳдуми Садри Зиё ба ин байти Соиб:

Латофатҳои олам гирд карданд.

Aз он себи занахдон офариданд ҷавоб мегуфтанд. Садри Зиё гуфт:

Қадат сарви хиромон офариданд,

Рухат хуршеди тобон офариданд.

Қозӣ Абдуллоҳхоҷа, ки «Таҳсин» тахаллус дошт, гуфт;

Назокатҳои олам гирд карданд,

Аз онҳо нони тафтон офариданд.

 Ҳомиди эшикоқобошӣ гуфт:

 Латофатҳои олам гирд карданд,

Aз он Мирзо Шарифҷон офариданд.

Дар адабиёти советии тоҷик анъанаи Мушоира давом дорад. Он дар солҳои охир шаклу мазмунҳои тоза гирифт. Дар маҷлисҳои мулоқоти шоирон бо хонандагон ва дар ҳафтаҳои адабиёти республикаҳои бародарӣ Мушоира гузарондан расм шудааст, ки ин зуҳуроти дӯстӣ ва ҳамкории шоирони миллат-ҳои гуногун мебошад. И. Ҳидоятов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …