Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУШКЕТОВ Иван Васильевич

МУШКЕТОВ Иван Васильевич

mushketoviМУШКЕТОВ Иван Васильевич (21. 1. 1850, ст. Алексеевская, вилояти Волгогради ҳозира — 23.1.1902, Петербург) , геолог ва географи рус. Соли 1872 Институти кӯҳкории Петербургро хатм кардааст; аз 1877 профессори ҳамин институт. Солҳои 1882—97 геологи калони Комитети геология. Дар Урали Ҷа-нубӣ корҳои тадқиқотӣ бурда, се минерали дар Россия номаълумро кашф кард (1882). Солҳои 1874—75 ба кӯҳҳои Тиёншон ва водии Сир сафар карда, якчанд кони сарватҳои зеризаминиро кушод. Солҳои 1877—80 тадқиқи орография, сохти геологӣ, тектоникӣ, палеогеография, вулқонизм ва сарватҳои зе-ризаминии Осиёи Миёнаро давом дода, геологияи конҳои мис, сурбу нуқра ва ангиштсанг, инчунин пиряхи Зарафшонро омӯхт. Натиҷаҳои тадқиқоти ӯ дар «Туркистон» ном китоби дуҷилдааш (1886—1906) инъикос ёфтаанд. Мушкетов дар Урал, Кавказ ва соҳили Волга низ тадқиқот бурдааст. Соли 1881 бо ҳамроҳии Г. Д. Романовский нахустин харитаи геологии Туркистонро тартиб дода, сазовори медали Константинови Ҷамъияти географии рус гардид. Мушкетов сабаб ва оқибатҳои заминҷунбии шаҳри Верний (1887). Олмаатои ҳозира)-ро омӯхт. Роҳҳои нави тадқиқоти геологиро пешниҳод карда, ба просессҳои тектоникӣ, сейсмикӣ ва геоморфологи эътибори калон доданро таъкид намуд. Асари дуҷилдаи «Геологияи табиӣ» бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Мушкетов таълиф шудааст. Як қатор объектҳои географе: ду пирях дар Тиёншон ва Помир, як қулла дар паҳнкӯҳи Витим (болооби дарёи Витим), як қаторкӯҳ дар Осиёи Марказӣ ва як минерал мавсум ба номи Мушкетов аст.

Асос: Собрник сочинений, выпуск 1—2, СПБ, 1910— 1912; Туркестан. Геологическое и орографическое описание, том 1, 2, издание Ташкент, 1915.

Адабиёт: Вайнер Л. А., И. В. Мушкетов и его роль в познании геологии Средней Азии, Ташкент, 1954; Люди русской науки. Геология, География, книга 2, Москва, 1962.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …