Маълумоти охирин

МУШФИҚӢ

nophotoМУШФИҚӢ (тахаллус; номаш Абдурраҳмон; 1525, Бухоро — 1588, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Падари ӯ аз Марв будааст, бинобар он бо нисбаи «Марвӣ» низ ёд мешавад. Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аз падар ятим монда, дар хизмати як ҳунарманди бухороӣ давраи мактабхониашро ба охир расонд. Сипас, мадрасаро тамом кард. Мушфиқӣ дар давраи таҳсили Мадраса ба шеъргӯӣ пардохта, санъати шеър ва дигар илмҳои асосии замонашро аз худ намуд. Соли 1564 Мушфиқӣ ба Самарқанд рафта, муддате, он ҷо зиндагӣ кард ва ҳамчун шоир машҳур шуд. Султон Саид ӯро китобдори худ таъин намуд. Вале шоир дар рӯзгори худ беҳбудие надид. Соли 1577 ба Ҳиндустан сафар карда, 1578 ба Бухоро баргашт ва дар дарбори Абдуллоҳхон ба унвони маликушшуароӣ соҳиб шуд. «Девони мугон бот»-и Мушфиқӣ (1557—58) аз маснавӣ, қасида, тарчеъбанд, мустазод, рубойӣ қитъа иборат буда, 1500 байт ва як миқдор таълифоти насриро дар бар мегирад. Дар он ба ҷуз шеъри «Тақсими мерос», ки дар он беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ масхараомез тасвир ёфтааст, дигар ҳаҷви ичтимоӣ ба назар намерасад. Сабаби дар байни аҳолӣ зуд паҳн гардидани шеърҳои ҳачвии Мушфиқӣ он аст, ки дар онҳо унсурҳои реализми ибтидоии адабиёти шаҳрии давраи феодалӣ мавчуд буда, шоир аз забони зиндаи халқ фаровон истифода бурдааст. Аз ин ҷихат мутоиботи Мушфиқӣ яке аз зуҳуроти мусбати инкишофи адабиёти асри 16 ба шумор меравад. Ду девани ғазалиёти Мушфиқӣ (1565—66, 1577—78) аз 4100 байт иборатанд. Мушфиқӣ дар таърихи адабиёти тоҷик аз устодони бузурги ғазал ҳисоб мешавад. Анъанаҳои классикони форс-точикро давом дода, дар Faзал соддагии забон ва мазмуни равшану оммафаҳмро нигоҳ доштааст. Мушфиқӣ бисёр қасидаҳои мадҳӣ навиштааст, ки қисме аа онҳо барои омӯхтани таърихи асри 16 халқҳои Осиёи Миёна ҳамчун сарчашмаи таърихӣ хизмат мекунанд. Мушфиқӣ дар қасидаҳояш тамоми талаботи ин навъ шеърро риоя кардааст. Мушфиқӣ муаллифи се маснавӣ — «Соқинома», «Гулзори Ирам» (1571), «Ҷаҳоннамо» мебошад. Дар шакли қитъа ва рубоӣ як қатор «таърих»-ҳои қобили таваҷҷӯҳе дорад, ки дар онҳо санаҳои лашкаркашӣ ва муҳорибаҳои муҳим, вафоти шахсони таърихӣ, аз тахт фаромадан ва ё ба тахт нишастани ягон шоҳ, солҳои итмоми биноҳои машҳур ва осори меъмории асри16 инъикос ёфтаанд. Ин қисмати эҷодиёти шоир барои омӯхтани таърихи асри 16 Осиёи Миёна ва хусусан таърихи меъморӣ аҳамиятн муайяне дорад. Мушфиқӣ ихтироъкори мусаммати мусаллас мебошад, ки  ки ҳар бандн он аз се мисраъ иборат аст. Навъи манзумае, ки ҳар банди он шаш мисраъ дошта, мисраи шашуми ҳар банд дорои қофияи дохилӣ ва вазни махсус аст, низ аз ихтирооти ӯст.

Основание.: Мунтахабот, Сталинобод, 1968.

Адабиёт: А х р о р ӣ 3., Мушфиқӣ, Душанбе, 1979.

Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …